Маълумотҳои обуҳавошиносӣ, бахусус ҳарорати обуҳаво, суръати шамол ва фишори атмосферӣ барои ҳаёти ҳаррӯзаи инсонҳо аҳамияти бузург доранд. Яке аз ҳолатҳои обу ҳаво ин ғуборолуд будани он аст.
ҒУБОРИ ҲАВО АЗ Чӣ ГУНА МОДДАҲО ТАРКИБ ЁФТААСТ?
Тибқи маълумоти олимону мутахассисон ғубор будани ҳаво маънои онро дорад, ки моддаҳои заҳрогин, мисли дуоксиди нитроген (NO2) ва дуоксиди cулфур (SO2) дар таркиби ҳаво мавҷуд аст. Ин заррачаҳои дуруштро бо формулаҳои PM 2,5 ва PM10 ишора мекунанд. Аксар одамон шояд дар бораи заррачаҳои PM2.5 ва PM10 — нишондиҳандаҳои ифлосии ҳаво ҳеҷ гуна маълумоте надошта бошанд. Дар ин мақола ба шумо хонандагони азиз дар бораи аз куҷо пайдо шудани он заррачаҳо, хатарнокиашон ва барои муҳофизат кардани худ аз таъсири зараровари онҳо чӣ бояд кард, тавсияҳоро пешниҳод мекунем.

PM2.5 ВА PM10 ЧӢ ГУНА ЗАРРАЧАҲО ҲАСТАНД?
PM10 -ин зарраҳои моддае мебошанд, ки диаметри 10 микрон (мкм) ё аз он камтар доранд, PM2.5 бошад заррачаҳои моддаҳо бо диаметри 2,5 мкм ё камтар аз он мебошанд. Дар маҷмуъ PM2.5-ро метавон зарраҳои (тонкодисперсные) тунуки пароканда номид. Барои осонфаҳм шудани ин мафҳум ғафсии мӯи инсонро агар андозагирӣ намоем, ғафсии он тақрибан 100 микрон мебошад, ки дар он тақрибан 40 заррачаҳои дорои ҳаҷми 2,5 мкм ё худ PM2.5 -ро ҷойгир кардан мумкин аст.
САРЧАШМАИ ПАЙДОИШИ ЗАРРАЧАИ РМ2.5 АЗ КУҶОСТ?
Дар расонаҳои иттилоотӣ дар ин бора чунин маълумот дода шудааст: “РМ2.5 ифлоскунандаи ҳаво мебошад, ки ҳам аз микрозаррачаҳои сахт ва ҳам аз қатрачаи хурди моеъ таркиб ёфтааст, ки андозаи онҳо тахминан аз 10 нм то 2,5 микронро ташкил медиҳад”. РМ2.5заррачаҳои аз ҳад хурд (то 1 нм ва аз он хурдтар) – молекулаҳои газҳо мебошанд. Масалан, диаметри молекулаи об ва оксиген — — 0,30 нм, нитроген— 0,32 нм ва гидроген — 0,25 нм-ро ташкил мекунад. Дар ин зарраҳои хурд ҳаракат аз заррачаҳои РМ2.5 фарқ мекунад.
МАХСУСИЯТИ ЗАРРАЧАИ РМ 2,5 ДАР ЧИСТ?
Дар фарқият аз зарраҳои калонтар, РМ2.5 ба осонӣ маҳдудиятҳои биологиро гузашта, ба организми инсон хатари ҷиддӣ мерасонад. Ин заррачаҳо ва қатраҳои андозаи аз 2,5 мкм хурд дар ҳаво ба миқдори зиёд мавҷуданд. Онҳо ҳам дар ҷангал, ҳам дар фазои баҳр вуҷуд доранд, вале хатари зиёдро дар фазои шаҳрҳо метавон мушоҳида намуд. Аввалан, маъмулан ин заррачаҳо дар шаҳр хеле зиёд ҳастанд, дуюм ин ки, таркиби кимиёвии аэрозоли тунук парокандашаванда дар шаҳр нисбат ба табиат хатарноктар аст. Барои мисол, дар шаҳрҳои мухталиф таркиби аэрозоли РМ2.5 ва параметри заррачаҳои алоҳида фарқ мекунад.
Аз рӯи пайдоиш РМ2.5 ба ду навъ — якум ва дуюм ҷудо мешаванд: Навъи якумдар ҳаво ба шакли тайёр партофта мешавад. Пораҳои хурдтарини асфалт ва чархҳои мошинҳо, заррачаҳои намаки минералӣ (сулфатҳо ва нитратҳо), пайвастагиҳои металлҳои вазнин (асосан оксидҳо). Ифлоскунандаҳои биологӣ (баъзе аллергенҳо ва микроорганизмҳо) ҳамчунин ба РМ2.5. дохил мешавад.
Навъи дуюм дар атмосфера бевосита шакл мегирад. Як мисол: ҳангоми якҷояшавӣ бо об дар ҳавои атмосфераи шаҳр оксиди нитроген ва сулфур онҳо кислотаро ба вуҷуд меоранд ва аз онҳо заррачаҳои сахти намак пайдо мешаванд (нитратҳо ва сулфатҳо).
Аз рӯи сарчашмаи пайдоиш заррачаҳои РМ2.5 ба сунъӣ (антропогенӣ) ва табиӣ ҷудо мешаванд: Сарчашмаи асосии заррачаҳои антропогенӣ – нақлиёт маҳсуб меёбад. Барои сарчашмаи табиӣ эрозияи хок дар ноҳияҳои хушкӣ ва моддаҳои органикӣ сабаб мебошанд.

Тибқи маълумотҳои охирини илмӣ, ҳадди ниҳоии ифлосшавӣ, ки ба саломатӣ таъсире надошта бошад, вуҷуд надорад. Оқибатҳои таъсири ифлосшавии ҳаворо ба саломатӣ чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст:
• заҳролудшавӣ, воридшавии моддаҳои зараррасон (мисли қурғошим, кадмий, руҳ) ба хун.
• аксуламалҳои аллергенӣ ё ҳассосияти баланд ба чизҳои нороҳаткунанда (масалан, аз чанги ҳезум, хокаҳои кимиёвӣ)
• сироятҳои бактериявӣ ва замбуруғӣ.
* фиброз
• саратон
*вайроншавии луобпардаҳо
*шиддатёбии нишонаҳои бемориҳои роҳи нафас, мураккабшавии астма ва фавти бармаҳал. Хатари зиёдтар ба гурӯҳҳои аз ҳама ҳассос — калонсолон ва кӯдакон мерасад.
Тибқи маълумоти сомонаи “Ливень» сабаби марги 3,1 млн нафар одамон аз соли 1990 то соли 2010 дар ҷаҳон ба заррачаҳои PM 2,5 алоқаманд аст. Ба андешаи мутахассисон заррачаҳои PM 2,5 дарознокии умри инсонро ба ҳисоби миёна 8,6 моҳ кам мекардааст.
Сокинони шаҳрҳоро зарур аст, ки нисбат ба ҳавое, ки нафас мекашанд, бетафовут набошанд, ҳангоми ғуборолуд будани ҳаво аз даҳонбанд истифода намоянд, ба дучарха рӯй биёранд ва аққалан дар давоми 7 ё 10 рӯз як маротиба ба табиати тоза бароянд.
Ин амал агар аз як ҷониб ба саломатии онҳо ёрӣ расонад, аз тарафи дигар барои коҳиш ёфтани партови ихроҷи газҳои заҳрогини мошин мусоидат менамояд.
Ҷамолиддин ЯҚУБОВ