ҚАДРДОНӢ ШУДАНИ ХИЗМАТҲОИ РАИСИ КУМИТА ХАЙРУЛЛО ИБОДЗОДА АЗ ТАРАФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Хизматҳои шоёни Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон бо Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонда шуд.
Аз ин мужда аҳли кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хушнуд гашта, Раиси Кумита — Хайрулло Ибодзодаро бо шарафёб шудан бо ин ҷоизаи баланд табрику таҳният намуда, дар фатҳи қуллаҳои нави кору пайкори комёбиҳои беназирро таманно доранд.