ҚУБОДИЁН: ТОЗАГӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ҚАРЗИ ҲАР ШАҲРВАНД АСТ

0
635
боздид

        Санаи 29 апрели соли равон бо ташаббуси Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Қубодиён аксияи тозигӣ таҳти унвони “Тозагии ҳифзи муҳити зист қарзи ҳар як шаҳрванд аст” баргузор гардид.
       Дар аксияи мазкур зиёда аз 200 нафар ҷавонони ноҳия иштирок намуда, шоҳроҳи марказии ноҳияро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза ва зери дарахтон нарм карданд. 
            Инчунин, кормандон дар рафти аксия ба сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди тозагии муҳити зист гузаронида, иқдом гирифтанд, ки ҳар рӯзи шанбе барои ободу зебо гардонидани ин гӯшаи ҷумҳурии азизамон саҳми худро гузоранд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед