РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ

0
326
боздид

Аз 10 то 17 июни соли 2023 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ноҳия Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷиҳати ошноӣ бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мурғоб қарор дошт.
Дар рафти сафари корӣ Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон якҷоя бо раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳ. Ҳ. бо боғи навбунед, ки дар даромадгоҳи ноҳия ҷойгир аст, шинос шуда, аз корҳои анҷомдодашуда, сабзиши ниҳолҳо ва панҷарабандии гирду атрофи боғ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси Кумита инчунин рафти корҳоро дар объекти Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш намуда, масъулин оид ба сифат ва сари вақт анҷом додани кор дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Раисони Кумита ва ноҳия инчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ дар биноҳои ҷашнӣ ноҳияи Мурғоб шинос шуданд. Бояд қайд кард, ки корҳои сохтмонӣ дар биноҳои сохташаванда бефосила идома доранд.
Дар рафти сафари корӣ раиси Кумита ба шуъбаи Агентии захираи давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия ташриф оварда, дар суҳбат бо шахсони масъул маълум гардид, ки дар ин ҷо миқдори зарурии озуқаворӣ ва сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.


Ҳамчунин ба нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар ноҳияи Мурғоб ташриф оварда шуд. Бояд қайд кард, ки Нерӯгоҳи барқи обии «Тоҷикистон» бо иқтидори пурра кор карда, шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳияро бо нерӯи барқи босифат таъмин менамояд. Айни замон дар ноҳия насби иловагии батареяҳои офтобӣ идома дорад.
Зарурати вусъат додани кабудизоркунӣ ва таъмин намудани сабзиши дарахтони чандин сол пеш шинондашуда ҳангоми боздид аз боғи Академияи илмҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Мурғоб қайд карда шуд. Гурӯҳи корӣ инчунин аз нуқтаи расмии вуруд ба ин минтақа дидан кард, ки соли 2021 обод ва ба истифода дода шудааст. Баъдан гурӯҳи корӣ ба даромадгоҳи ноҳия, ки соли 2021 сохта ва ба истифода дода шуда буд, ташриф намуданд.
Ин дастуру супоришҳои раиси Кумита ба масъулин зимни сафараш ба ноҳия аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таҳти назорат гирифта шуд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед