Раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон
Шуруъ аз охирҳои асри ХХ ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тағйир ёфтани иқлими сайёра бонги изтироб зад. Олимону муҳаққиқони риштаҳои мухталиф аз паи омӯзишу тадқиқи ин муаммои табиат гаштанд ва то андозае сабабҳои тағйирёбии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба онро муайян намуданд. Мушкилоти тағйирёбии иқлимро кишварҳои рӯ ба тараққӣ зиёдтар эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, имрӯз аз ҷониби институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байнахалқӣ ба ин кишварҳо кӯмак расонида мешавад. Таъсири тағйирёбии иқлим дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, бахусус соҳаи кишоварзӣ эҳсос карда мешавад. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ ва созмонҳои байнахалқӣ баҳри паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба он якчанд лоиҳаҳоро амалӣ намуда истодаанд.
Дар доираи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон лоиҳаи “Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот” соли дуюм аст, ки бо маблағгузории Бонки ҷахонӣ татбиқ мегардад. Дар доираи лоиҳа фаъолиятҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
1.Маблағгузорӣ барои рушди истеҳсолот ва идоракунии экологии замин дар сатҳи деҳот;
2.Гузаронидани омӯзишҳо ва дастгирии институтсионалӣ;
- Идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳа;
Ҳадаф ва вазифаи асосии лоиҳа ин имконияти пурзӯр намудани қудрати истеҳсолии сокинони деҳот баҳри идоракунии экологии захираҳои табиӣ мебошад. Ба сифати ноҳияҳои пилотӣ навоҳии Ҷиргатол, Тавилдара, Фархор, Кӯлоб, Балҷувон ва Ховалинг интихоб гардиданд, ки онҳо ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошанд. Дар доираи лоиҳаи мазкур дастгирии бевоситаи 126000 нафар аҳолии навоҳии дар боло зикршуда дар назар аст. Яке аз мақсадҳои лоиҳа фароҳам овардани имконияти молиявӣ барои ин гурӯҳ мебошад. Айни ҳол дар ноҳияҳои пилотӣ дар доираи фаъолиятҳои лоиҳа корҳо ҷараён доранд. Қобили зикр аст, ки аз оғози фаъолият то ба имрӯз 200 лоиҳаҳои хурди грантӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Ҳангоми омода намудани зерлоиҳаҳои хурд тамоми ҷанбаҳои иҷтимоӣ, гендерӣ ва иқтисодӣ аз он ҷумла экологӣ ба назар гирифта шудааст.
Шарикони лоиҳа
Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар ҳамкорӣ бо якчанд ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои пилотӣ фаъолият мебаранд. Ташкилоти “ Консалтинг Инҷенеринг Сервисис” дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи татбиқи лоиҳа таҳлили якҷояи маҳалро дар сатҳи ҷамоатҳо ва деҳа дар ноҳияҳои Фархор ва Кӯлоб гузаронид, ки дар натиҷа 24 гурӯҳи мақсаднок ташкил карда шуд. Дар доираи лоиҳа ба гурӯҳҳои мақсаднок доир ба омода намудани зерлоиҳаҳои хурд тренингҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.
Аз аввали фаъолияти лоиҳа ташкилоти фасилитатсионии “Латиф” дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар ноҳияҳои Тавилдара 84 ва дар Ҷиргатол 136 гурӯҳҳои мақсаднок ташкил намуданд. Инчунин 34 зерлоиҳа аз ноҳияи Ҷиргатол ва 11-то аз Тавилдара маблағгузорӣ карда шуд. Дар доираи лоиҳа ташкилоти ҷамъиятии “Агросервис Ховалинг” нақшаи идоракунии обҳои дохили хоҷагии Ассотсиатсияи истифодабарандагони об -“Бӯстон” дар ноҳияи Муъминобод тарҳрезӣ гардида, дар ноҳияи Ёвон ба Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) “Обшорони Ёвон” ва “Ситораи Ёвон” маблағ ҷудо намуданд. Ташкилоти ҷамъиятии “Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии Манотиқи Кӯхистон “дар ноҳияҳои Тавилдара,Ҷиргатол, Файзобод ва шаҳри Роғун дар идоракунии чарогоҳҳо фаъолияти назаррас дорад. Баъд аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ дар ноҳияи Файзобод 9-то гурӯҳҳои истифодабарандагони чарогоҳ ва 2 ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон ташкил карда шуд.
Дар шаҳри Роғун низ ин муддат 6 гурӯҳҳои истифодабаррандагони чарогоҳ ва 2 ҷамъияти чарогоҳистифодабаррандагон таъсис дода шуд. Ҳоло дар ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон “Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ” дар доираи лоиҳа дар сатҳи ҷамоату деҳаҳо вохӯрӣ ташкил карда, барои фаъолиятҳои оянда дар асоси таҳлилҳои якҷоя хулосаи амиқ бароварда истодааст. Дигар паҳлӯи фаъолияти лоиҳа дар робита ба инкишофи савияи дониш ва дастгирии сохторӣ мебошад. Ин муддат мутахассисони гурӯҳҳои ташаббускори лоиҳа бо кормандони ташкилотҳои фасилитатсионӣ якчанд семинарҳои омӯзишӣ гузаронида, дар самти иҷроиши саривақтии қисматҳои гуногуни лоиҳа дар ноҳияҳои зерҳадаф тавсияҳо низ пешниҳод намуданд.
Дар доираи қисмати 3-и фаъолият — “Идоракунии лоиҳа” бо якчанд Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об (АИО) дар ноҳия Ёвон доир ба нақшаи идоракунии обҳои дохили хоҷагӣ шартнома ба имзо расида ва давраи дуюми фаъолияти онҳо маблағгузорӣ карда шуд. Дар ин давра ташкилотҳои фасилитатсионӣ оид ба корҳои анҷомдодаашон дар ноҳияҳои зерҳадаф ҳисоботҳои пурраи ҷамъбастӣ пешниҳод намуданд, ки фаъолияти босамари лоиҳаро дар ин давра инъикос мекунад.