РАВЗАНАИ ОШНОӢ бо “БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МАҶМӮИИ РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025”

0
81
боздид

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 30 соли Истиқлоли давлатӣ ба зинаи нави инкишоф ва рушди худ расид. Дар самти баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар  иқдомҳои наҷиб сурат гирифтанд. Аз ҷумла, қабул шудани  “Барномаи маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010” дар соли 1996, ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” дар соли 2011, қабул гаштани  “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020”  дар соли 2015 дар рушд ва баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ саҳми муносиб гузоштанд.

Ниҳоят, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 116 “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба имзо расид. Ин Барнома аз барномаҳои қаблӣ бо чӣ фарқ мекунад?

Зимни ин мавзӯъ суҳбате доштем бо сардори Маркази ахбори экологии Кумита Гулрухсор Тиллоева.

  • Муаллима, нахуст лутфан мухтасаран доир ба фаслҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва мақсаду принсипҳои он маълумот медодед?

Барномаи давлатии маљмўии рушди тарбия ва маърифати экологии ањолии Љумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар 2 замима) тасдиқ гардид, ки марњилањои асосии ташаккули маърифат ва тарбияи ањолиро дар њама сатњњо, аз љумла томактабї, тањсилоти умумї (ибтидої, умумии асосї, миёнаи умумї), ибтидої, миёна ва олии касбї инъикос мекунад.

Маќсади Барнома аз муносибати эњтиёткорона ва эњтиромона зоњир намудан ба муњити зист, риояи меъёрњои ахлоќї дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захирањои табиї ва таблиѓоти њадафњои экологї иборат мебошад. Принсипҳои Барнома ба ҳуқуқи инсон, ба муҳити мусоиди зиндагӣ асос ёфта, ғояи ташаккули шахси дорои тафаккури навро дар бар мегирад ва фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ бехатарро бо мақсади ҳифзи ҳаёт дар замин, наҷот додани инсоният аз офатҳои экологӣ амалї менамояд.

Замимаи 1-и Барнома аз 13 фасл ва 87 банд иборат буда, ҳар як фасл ба мавзӯи алоҳидае бахшида шудааст. Фаслҳо бад-ин тартиб муайян ва чунин номгузорӣ шудаанд:

  1. — Муқаррароти умумӣ.
  2. — Маќсад, вазифа ва принсипњои Барнома.
  3. Самтҳои асосии дурнамои тарбия ва маърифати экологии Барнома
  4. Вазъи кунунии рушди тарбия ва маърифати экологї дар Ҷумњурии Тољикистон.
  5. Сатњи амалисозии тарбия ва маърифати экологї.
  6. Баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ ва сайёњон.
  7. Ташкили омӯзонидани аҳолӣ дар њолати вазъияти фавқулода.
  8. Нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди тарбия, маърифат ва фарҳанги экологӣ.
  9. Саҳми созмонҳои ҷамъиятӣ дар самти рушди маърифати экологӣ.
  10. Тарбия ва маърифати экологӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  11. Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти тарбия ва маърифати экологӣ.
  12. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома.
  13. Амалисозии Барнома.

Дар замимаи 2.  Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” оварда шудааст.

  • Айни замон бобати амалӣ гардондани Барнома чӣ фаъолиятҳо оғоз шудаву кадом корҳо ҷараён доранд?

Тибқи нақша-чорабиниҳо ҳоло корҳо дар самти омода намудани лоињаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 6 апрели соли 2016, №167», таҳияи барномаҳои маҳаллӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) оид ба рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ, таҳияи усулҳои механизми мониторинги амалисозии Барнома ва намунаҳои ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи Низомнома оид ба сайёҳии экологӣ ҷараён доранд. Дар соли ҷорӣ тибқи нақша ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо,  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои ташкил ва гузарондани озмунҳо дар байни оилаҳо масъулиятро ба дӯш доранд.

  • Барои амалӣ гаштани бандҳои Барнома ба ҷуз аз Кумита кадом сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ масъулиятро ба дӯш доранд?

Ба рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ танҳо дар сурате ноил гаштан мумкин аст, ки агар сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ чорабиниҳоро амалӣ намоянд. Аз ин рӯ,  “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар ҳамоҳангӣ бо як қатор вазорату идораҳо ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо,  Марказҳои Орхус, Марказҳои амалисозии Конвенсияҳо, созмонҳои ҷамъиятии экологӣ амалӣ карда хоҳад шуд.

ашаккур барои суҳбати самимӣ!

                                   “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед