“Роҳпаймоии паркҳо -2021” таҳти шиори “Мавзеъҳои обию ботлоқӣ ба муҳофизат ниёз доранд” мегузарад

0
775
боздид

“Роҳпаймоии паркҳо” (“Марш парков”) як иқдоми байналмилалиест, ки ҳамасола дар нимаи дуюми моҳи апрел (18-22 апрел) барои ҳимоят аз ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (ҲТММ) дар кишварҳои зиёди дунё таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ҷашн, пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи ташкилоту идораҳо, намояндагони васоити ахбори омма, сохтори бизнес ва маҷмуан ҷомеа ба мушкилоти ҲТММ, кумаки воқеии амалӣ ба онҳо, бедор кардани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нисбат ба ёдгориҳои табиӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Дар доираи чорабиниҳои “Роҳпаймоии паркҳо” дар кишварҳои гуногуни олам масъулони мамнуъгоҳҳо, боғҳои табиӣ ва миллӣ, инчунин ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологӣ мизҳои мудаввар, пресс-конфронсҳо, рӯзи дарҳои кушод, маъракаҳои экологии кӯдакона, намоишгоҳҳои мавзӯӣ, аксияҳои кумаки волонтёрӣ ва ҷамъоварии кумакҳои хайрия барои муҳофизати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил ва баргузор менамоянд, дар барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои ТВ баромад мекунанд ва дар матбуот мақолаҳо ба табъ мерасонанд.

Аксияи байналмилалии “Роҳпаймоии паркҳо” дар соли 2021 таҳти шиори “Мавзеъҳои обию ботлоқӣ ба муҳофизат ниёз доранд” баргузор мешавад.

Ёдовар  мешавем, ки соли ҷорӣ 50-умин солгарди Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мавзеъҳои обию ботлоқӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин мавзеъҳо ба сифати макони зисти парандаҳои дар об шинокунанда ва дигар намудҳои нодири ҳайвоноти обӣ аҳамияти калидӣ доранд. Мавзеъҳои обию ботлоқӣ бо гуногунии биологии табиӣ – сарчашмаи асосӣ ва ивазнашавандаи оби тоза барои инсон ва фаъолияти хоҷагидории ӯ ба ҳисоб меравад. Вале инсон бо фаъолияти худхоҳиаш, яъне хориҷ кардани партовҳо, вайрон кардани реҷаи гидрологӣ ва буриши дарахтон дар соҳилҳо солимии мавзеъҳои обию ботлоқиро халалдор мекунад. Бинобар ин, барои муҳофизат ва васеъ кардани системаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда – мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллӣ, парваришгоҳҳо ва ғ. зарурат пеш омадааст. Ин мавзеъҳо на танҳо мувозинати экологиро нигоҳ медоранд, балки обанборҳо ва флораву фаунаи дар он мавҷударо, ки барои инсоният ҳамчун сарчашмаҳои оби тоза ҳастанд, муҳофизат менамоянд.   

Кишварҳои аъзои Конвенсия ваъда додаанд, ки барои пешгирии ҳамлаи инсон ва аз даст додани ботлоқзорҳо имрӯз ва дар оянда саъю талош хоҳанд кард. Имрӯз ба ин ҳаракат 170 давлат, ки дар қаламравашон зиёда аз 2300 ботлоқи дорои аҳамияти байналмилалӣ мавҷуданд ва масоҳати умумиашон тақрибан 230 миллион гектарро ташкил медиҳад, ҳамроҳ ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои узви ин созмони бонуфуз пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди эълон кардани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо хушнудӣ пазируфтанд. Ва ин тасодуфӣ нест, зеро зиёда аз 2 миллиард нафар одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва норасоии об ба 40% аҳолии кураи замин таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Бовар дорем, ки роҳбарони мамнуъгоҳҳову боғҳои табиӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон бо гузаронидани чорабиниҳои амалии муҳитзистӣ ва маъракаҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо ҷалби оммаи васеъ дар доираи “Роҳпаймоии паркҳо” ба беҳ гаштани ҳолати экологии мамнуъгоҳу боғҳои табиӣ ва мавзеъҳои обию ботлоқии кишвар ҳиссаи худро мегузоранд.

                                                     Ҷамолиддин ЁҚУБӢ, “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед