Рӯбоҳи туркманӣ

0
267
боздид
Рӯбоҳи туркманӣ то 5 - 6 сол умр мебинад.

АЗ КИТОБИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН 

Рӯбоҳи туркманӣ ( Vulpes corsac turkmenica)

 

Қатори даррандагон. Carnivora 

Оилаи  сагшаклон. Canidae

Мақоми ҳифз

Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад.EN.

Паҳншавӣ

Дар солҳои 30 -юми асри гузашта дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, атрофи Шаҳритус ба қайд гирифта шудааст. Дар даҳсолаҳои охир маълумоти аниқ оид ба паҳншавии рӯбоҳи туркманӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мавҷуд нест.

Хусусиятҳои биологӣ

Дар як сол як маротиба насл медиҳад. Давараи бордоршавӣ ба моҳҳои январ -феврал рост омада, давомнокии ҳомиладорӣ 52 — 60 рӯзро дар бар мегирад. Моҳҳои март апрел аз 2 то 16 насл медиҳад. Дар 9 — 10 моҳагӣ болиғ ва насл медиҳад. Душмании асосии табиии рӯбоҳи туркманӣ гург ва рақиби ғизоии он рӯбоҳи муқаррарӣ мебошад. Дар шароити табиӣ 5 — 6 сол умр мебинад.

Тадбирҳои ҳифз

Аз соли 1968  шикори он манъ аст. Барои пурзӯр намудани ҳифзи  рӯбоҳи туркманӣ дар  Тоҷикистон тадбирҳои махсус андешида, донишҳоро оид ба ҳифзи он дар байни омма тарғиб намудан зарур аст.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед