20 июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Hilton” воқеъ дар ш. Душанбе бо мақсади пешбурди имкониятҳо ва густариши ҳамкориҳо миёни шарикони миллӣ, шарикони байналмилалӣ оид ба рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамзамон барои инъикоси натиҷаҳои фаъолияти дафтари Тоҷикистонии Маркази экологии
минтақавии Осиёи Марказӣ (МЭМОМ — СAREC) оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, идоракунии босамари захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор Рӯзи дарҳои кушоди ташкилоти МЭМОМ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ (САҲА), намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ ва ВАО иштирок доштанд.

Барандаи чорабинӣ — директори дафтари Тоҷикистонии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Вайсиддин Саидов пас аз сухани ифтитоҳӣ ва хайрамақдам намудани ҷамъомадагон риштаи суханро ба навбат ба шарикони миллии МЭМОМ, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии обуҳавошиносӣ дод.
Сардори бахши робитаҳои байналмилалии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Музафар Салимов зимни маърӯзаи худ зикр сохт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдор дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар симои Кумита фаъолияти ММЭОМ-ро аз рӯзи аввали таъсисёбиаш барои таҳкими шарикии минтақавӣ ва ҳамкориҳо ба манфиати муҳити зист ва рушди устувори минтақа ба воситаи амалӣ намудани лоиҳаҳои мушаххас дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Салимов М. Рӯзи дарҳои кушоди МЭМОМ-ро ҳамчун руйдоди муҳим хонда, изҳори боварӣ намуд, ки ин чорабинӣ барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои нав мусоидат хоҳад кард. Барои ин ташаббуси тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла, Ҳукумати кишварҳо, ташкилотҳои ғайридавлатии экологӣ ва созмонҳои байналмилалӣ зарур аст.
Намоянда аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Абдуллоев зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи “Ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳо бо МЭМОМ меморандуми сетарафа байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ва МЭМОМ ба имзо расид. Яке аз самтҳои кори асосӣ дар доираи ин меморандум бунёди Кластери инноватсионӣ ва гузарондани тадқиқотҳои илмӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обӣ ба ҳисоб меравад.

Дар маърӯзаи директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҳомидҷон Расулзода низ аз ҳамкориҳои судманди Агентӣ бо МЭМОМ сухан ба амал оварда шуда, изҳори умед ва боварӣ карда шуд, ки Агентӣ минбаъд низ ҳамчун шарики миллӣ аз Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои МЭМОМ саъю кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Директори иҷроияи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Зафар Маҳмудов, ки 1,5 моҳ пеш дар ин вазифа интихоб шуда буд, зимни суханронии худ доир ба фаъолияти минбаъдаи МЭМОМ дар давоми 3 ё 6 соли оянда ибрози андеша намуда, аз ҷумла гуфт: — “Барномаи корӣ ва стратегияи рушди МЭМОМ то соли 2025 таҳия гаштааст ва фаъолияти мо тибқи он амалӣ карда хоҳад шуд. Мувофиқи имконият барои беҳбуд бахшидан дар самти густариши ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа саъю кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то миёни коршиносону мутахассисони кишварҳо бештар табодули донишу таҷриба сурат гирад.

ММЭОМ, ки солҳои 90-уми асри гузашта таъсис ёфта буд, танҳо 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказиро дарбар мегирифт. Имрӯз ҳамкории кишварҳо доман паҳн кардааст. Масалан, имрӯз лоиҳаи SMART WATERS кишвари Афғонистонро ҳам фаро мегирад.
Сипас аз тарафи масъулони бахшҳои мухталифи МЭМОМ, аз ҷумла Татяна Шакирова — менеҷери Барномаи маориф барои рушди устувор, Екатерина Стрикелева — менеҷери Барномаи ташаббусҳои обӣ, Людмила Киктенко- менеҷери Барномаи идоракунии муҳити зист, Ирина Бекмирзаева — менеҷери Барнома оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳишдиҳии оқибатҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал (CAMP4ASB), Шахбоз Ахмедов- менеҷери шуъбаи идоракунии донишҳо, лоиҳаҳо ва захираҳои МЭМОМ доир ба фаъолияти самтҳояшон ва натиҷаҳои бадастомада аз татбиқи лоиҳаҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар охир, аз тарафи иштирокчиёни чорабинӣ изҳори умед ва боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ байни секторҳои мухталифи кишварҳои минтақа табодули донишу таҷриба сурат гирифта, ҳамкории кишварҳо вусъати тоза пайдо мекунанд.
ҶАМОЛИДДИН ЯКУБОВ, “Инсон ва табиат”