САДА ЭҲЁ ВА ТАВЛИДИ ДУБОРАИ ТАБИАТ АСТ

0
1242
боздид

Нигаҳ доред оини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

Сада аз қадимарин ҷашнҳои бостонии мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон  мебошад. Ҳангоме сада тантана мекунад, хуршед тулуъ мекунад ва атроф рангу нумуи дигаре ба худ мегирад.

Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ — Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон, ки дар давраҳои  мухталифи таърихӣ анъанаҳои мардумӣ маҳсуб меёфтанд, аз нав эҳё шуданд.

Перомуни ҷашнгирии Сада дар адабиёти ниёгонамон боварҳо ва қиссаву ҳикояти зиёде мавҷуд аст. Аз ҷумла, дар китоби муҳаққиқ ва донишманд Муҳаммадҷаъфари  Ёҳақӣ «Фарҳанги Асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» доир ба пайдоиши вожаи Сада ва маҳбубияти ин ҷашни миллӣ чунин нукта баён гаштааст: Сада, мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «садак»-и паҳлавӣ моя гирифта ва дар арабӣ сазак ва садак шуда,ҷашнест, ки дар баҳманрӯз аз баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) бо афрӯхтани оташ, тайи маросими хоссае анҷом мегирад. Аз Сада  то Наврӯз сад рӯзу шаб аст ва дар ин рӯз теъдоди фарзандони Каюмарс ба сад расид. Аз Сада то замони гирдоварии  ғалла сад рӯз боқист,зеро дар навоҳии муътадил,ҳудуди панҷоҳ рӯз баъд аз Наврӯз метавон гандум ва ҷав бардошт кард.

Абурайҳони Берунӣ дар асараш — «Осор-ул-боқия» навиштааст, ки дар ин рӯз ҷаҳаннам аз зимистон ба дунё меояд ва аз ин рӯ оташ меафрӯзанд, то шарри он бартараф гардад. Ин ҷашн, ки назди ҳамаи мардум муқаддас будааст, робитаи махсус бо оташ дорад ва маншаи он бамегардад ба достони пайдоиши оташ, ки дар «Шоҳнома» ба Ҳушанги пешдодӣ нисбат додаанд.

Абулқосим Фирдавсӣ чун посдори мероси ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба ҷашни Сада ҳамеша арҷ гузошта, ҷойи дигар замони ҳукмронии Ҳушанг ва пайдоиши оташро хеле табиӣ ситоиш намудааст:

Падид омад аз дур чизи дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоҷ,

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд тезҷанг,

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳамону ҳамин санг бишкаст хурд,

Фуруғе падид омад аз ҳар ду санг,

Дили санг гашт аз фуруғ озаранг,

Нашуд мор кушта,валекин зи роз,

Падид омад оташ аз он санг боз,

Бигуфто фуруғест ин эзидӣ,

Парастид бояд агар бихрадӣ,

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда  кард.    

Лозим ба ёдоварист, ки ҷашни Сада ба ягон дину мазҳаб пайвастагӣ надорад. Ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми тоҷик  рӯзи ҷашни Сада болои теппаву куҳҳо ва ё бомҳо баромада, оташ  меафрӯхтанд ва дар ҳалқаи ёру дӯстон назди оташи муқаддас суруду таронаҳо хонда, аз ба поён расидани фасли сармо хушнудӣ мекарданд. Албатта Сада мисли Меҳргон ва Тиргон бештар ба шароити иқлимӣ  ва кишоварзӣ алақамандии  бештаре дорад.

Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он аз давраи қадим маъмул будааст. Ва то ҳануз миёни мардуми кӯҳистон маросими аловпарак боқӣ мондааст.

Ҷашни Сада ҳамчунин ба ниёиши Офтоб вобаста аст, ки аз аввали моҳ (аз шаби таваллуди Хуршед-шаби Ялдо, ки дарозтарин шаби сол мебошад), чиҳил рӯз фосила дорад. Дар ин ҷашн оташ меафрӯзанд, ки Хуршеди навзоди чилрӯзаро бад-он гарм  кунанд ва қувват бахшанд, то Хуршед монанди ин оташи бузург сӯзону сӯзонтар шавад. Мардум то он шаб (бо мушкилиҳо) тарбузро миёни коҳ нигоҳ медоштанд ва тарбузро, ки гирду сурх буд, рамзи таваллуди Хуршед, дар шаби сарди оғози зимистон медонистанд ва чун он шаб таваллуди Хуршед дар осмон дида намешуд, тарбузро ду пора карда рӯйи лаганд мегузоштанд ва ба он ҳамчун ба рамзи офтоб  менигаристанд.

Ҳоқонӣ дар ашъораш Садаро чун ҷашни табиат, зебоӣ ва иффат қаламдод мекунад. Дар нигоҳи вай Сада як ҷашни оддӣ нест, балки дар ин рӯз кинаҳо аз қалбҳо дур мешудаанд ва табиат ба сад ранг назарабоӣ намуда, аз рӯзҳои Хуршедӣ башорат медодааст:

Чун дидамаш,ки иди Сада дошт чун муғон,

Оташ зи лола,баргу чилипо зи анбараш.

Оре, ҷашни Сада  пеш аз оғози Наврӯз бузургтарин иди суннатии  мардумӣ мебошад. Сада чун ойни  поку муқаддаси тоҷикон        асосан пас аз анҷомёбии  чиллаи калон таҷлил мегардад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед