САЙРЕ БА ТАБИАТ ВА ТАЪРИХИ ГУЗАШТАВУ ИМРӮЗАИ НОҲИЯИ НУРОБОД

0
183
боздид

Мо кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Нуробод дар пайи амалӣ намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва деҳот” тарҳи махсусеро бо номи «Мавзеъҳои сайёҳии экологии Нурободро ба сайёҳони дохилию хориҷӣ муаррифӣ менамоем” роҳандозӣ намудаем.

Ноҳияи Нуробод 19 январи соли 1936 таъсис ёфта, то соли 1991 ҳамчун ноҳияи Комсомолобод шинохта мешуд. Баъдан ноҳия ба Дарбанд табдили ном кард ва бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 таҳти № 390 номи Нурободро гирифт. Маркази ноҳияи Нуробод шаҳраки Дарбанд мебошад.

Нуробод дар баландии 1835 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар қисмати шарқии ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст. Ноҳия дар масоҳати 0,9 ҳазор км2 доман паҳн карда, 95.1 фоизашро куҳҳо фаро гирифтаанд. Марзи ноҳияро аз тарафи шимолу ғарб куҳҳои Қаротегин ва аз тарафи шарқу ҷануб куҳҳои Дарвоз иҳота намудаанд.

smart

Аҳолии ноҳияи Нуробод 80520 нафарро ташкил медиҳад, ноҳия аз тарафи шимол бо ноҳияи Ваҳдат, аз ҷануб бо ноҳияи Сангвору Муминобод ҳаммарз мебошад. Дар ноҳия 1 ҷамоати шаҳрак, 6 ҷамоати деҳот ва 114 деҳа ба қай гирифта шудааст. Масофаи роҳ аз ш.Душанбе то шаҳраки Дарбанд 153 км-ро дарбар мегирад.

Дар ҳудуди ноҳия 63322 га заминҳои чарогоҳои мавсими тобистона мавҷуд буда, 1801 га заминҳо ҷангалпӯш мебошанд. Аҳолии ноҳия асосан ба кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ ва боғдорӣмашғул ҳастанд.

Бояд тазакур дод, ки Нуробод як гўшаи кишвари офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азиз буда, харобаҳои боқимондаи шаҳри бостонии Дарбанд, ки ба қавли муаррихон таърихи зиёда аз 2200 сола дорад, мавҷудияти қалъаҳои Имлоќу Ҷамҳур, Кофирқалъа ва Чанори  ҳазорсолаи таги чойхонаи Пунбачӣ аз таърихи тулонӣ доштани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд.

Вожаи «Дарбанд» маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозае буд миёни ду водӣ: Ќаротегин ва Дарвоз.

 Шаҳри Дарбанд дар гузашта маркази тиҷоратӣ, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг будааст. Роҳи машҳури Абрешим тавассути Дарбанд мегузашт ва сокинонаш бо дигар минтақаҳо равобити қавию густурдаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доштанд.

Ба ќавли олими шинохта Юсуфшоҳ Ёќубов дар асрҳои 2-1 пеш аз милод дар водии Рашт шаҳру деҳаҳои кишоварзон пайдо шудааст. Ковишҳои археологӣ ва тадќиќотњо дар харобаи шаҳри Дарбанд, Ќалъаи Писараку Духтарак, Ботурхон ба он далолат менамоянд, ки дар замони Кўшониён (асрњои (2-1 пеш аз милод) дар водӣ шаҳрҳо пайдо шуда буданд. Якчанд кӯшкҳо, марказҳои фарҳангӣ ва маъмурӣ дар шаҳрњои Дарбанд, Ѓурканд, (Ѓарм), Диж (Ҳоит) ва Лахш амал менамудаанд. Дар асрҳои 7 — 8 тамоми водӣ ба як шоҳигарӣ муттаҳид мешавад ва шоҳони вай унвони «Деҳгони Рашт»-ро доштаанд. Ҳангоми ҳуҷуми арабҳо шоҳи ин кишвар ба подшоҳи кишвари Чин нома навишта, хоҳиш мекунад, ки дар мубориза ба зидди арабҳои истилогар ёрӣ расонад.

Бо соҳибистиќлол гардидани Тоҷикистони азиз, бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёду барќарорсозии Дарбанди бостонӣ аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.

Тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати Ваҳдату якдилӣ ва ҳукмфармоии сулҳу субот дар кишвар шаҳраки Дарбанд аз як мавзеи харобазор ба як шаҳраки зебову замонавӣ табдил ёфт.

Ҳар нафаре, ки ба ин қадамҷои бузургон, макони зисти солиќону орифон, сайргоҳи ошиќон — Дарбанди бостонӣ боре агар ќадам гузорад, вуҷудашро ҳаяҷони ширину нотакрор фаро мегирад.

Табиати Нуробод дилфиребу нозанину афсунгар аст. Боду ҳавои тоза, гулу гиёҳҳои шифобахш, обҳои сафову зулол ва куҳҳои бародарвор паҳлўи ҳам истодаву сарбафалакашида дорад Нуробод. Дар дили куҳҳои ин диёри биҳиштосо ҳазорҳо ганҷу асрор маҳфузанд.

Аз бағалу доманаи куҳҳо чашмаву ҷўйҳои шӯху беќарор ҷорианд. Обҳои мусаффову давобахш дорад ин гушаи куҳистони тоҷик…

             Яке аз чашмаҳоисеробтарин ва мусаффои ин диёр чашмаи «Воғланг» дар мавзеи дилрабо — тарафи офтобнишини деҳаи Сиҳгулаки ҷамоати деҳотиҲакимӣ ҷойгир аст, ки макони зиёратгоҳи аҳли таќво буда, тамошои шинои моҳиён ва нўшидани як каф оби хунуки он ба кас ҳаловат мебахшад. Аз ќадимулаём то ба имрўз чашмаи Воғланг ҷойи муќадас ҳисобида шуда, зиёраткунандагон бо талаби орзую амали нек вориди он мешаванд.

Дар ќаламрави ноҳия мувофиќи нишондодҳо 1500 чашмаҳои зулолу шифобахши хурду калон мавҷуд ҳастанд. Аз қабили чашмаи Ҳазрати Султон дар деҳаи Яхч, чашмаи Кавгакон дар деҳаи Дегаӣ, чашмаи Ёнур дар деҳаи Ёнур. Аз ќаламрави ноҳияи Нуробод ду рўди бузург: Сурхоб ва Хингоб мегузаранд, ки саргаҳи дарёи Вахш маҳсуб меёбад. Ҳамин тавр, дар ноҳия рўдҳои начандон бузурги Муҷихарф, Ҳакимӣ, Луғуроб, Зуманак, Дегаӣ, Дашти гургон ва Роѓун арзи ҳастӣ доранд.

Ба ғайр аз ин рўдҳо дар қаламрави ноҳия кўлҳои таърихии Самсолиқ, Истон, Ҳазрати Шоҳ, Сари ҷар ва Ҷавчӣ воқеъ гаштаанд. Аз онҳо кўли Ҷавчӣ бузургтарин буда, аз сатҳи баҳр дар баландии 2700 метр ҷойгир мебошад.

Намаки кони деҳаи Роѓуни ҷамоати деҳоти ба ном Иззатулло Ҳалимов дар саросари кишвар беҳтарин кони намак маҳсуб ёфта, аз намаки болаззати он аз замонҳои хело ќадим то имрўз мардумони Масчо, Лахш, Рашт, Тоҷикобод, Оби гарму Нуробод истифода мекарданд ва имрўз низ ќисми аз мардуми ин ноҳияҳо аз ин ганҷ истифода мебаранд.

Дар ҳудуди ноҳия ќалъаву ёдгориҳои таърихии кашфнашуда хеле бисёранд, ки метавонанд дар ояндаи наздик ин диёрро ба ҳайси як мавзеи хуби сайёҳиву ҷаҳонгардӣ муаррифӣ намоянд. Дар наздикии шаҳри Дарбанд мавҷуд будани харобаҳои ќалъаҳои Имлоќу Ҷамҳур исботи қадима будани ин диёри сарсабз мебошад.                                                       

Раҳимов Ҷамолиддин, мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти н. Нуробод

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед