Санаҳои экологӣ барои моҳи феврали с. 2022

0
949
боздид

2 феврал – Рӯзи ҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунанд.

Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳофизати заминҳои обию ботлоқӣ 9-уми марти соли 2001 шомил шудааст.

2 феврал – дар Амрико Рӯзи суғур ҷашн гирифта мешавад.

9 феврал – Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти баҳрӣ ва Рӯзи ҷаҳонии Наҳанг

11 феврал – Рӯзи расонидани кӯмак ба ҳайвоноти ҷангалҳо

17 феврал – Рӯзи Гурба дар Аврупо

27 феврал – Рӯзи байналмилалии Хирси Қутби шимолӣ

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед