Санҷобҳо ҳам гап мезананд

0
914
боздид
Қисми зиёди санҷобҳо дар ҷангалҳои сердарахти Америкаи Шимолӣ зиндагӣ мекунанд.

Санҷобҳо ҳам гап мезананд

     Санҷоб ҷонвараки хурд буда, ба оилаи хояндагон дохил мешавад. Дарозии танааш то 15 сантиметр , думаш то 12 сантиметр вазнаш то 150 грамм мешавад. Санҷоб дар болои тахтапушташ 4 ё 5 рахи сиёҳу сафеди равшан дорад.Санҷобҳо 25 намуд дошта, паҳншудатарини онҳо се намуд:санҷоби шарқӣ –амрикоӣ, санҷоби сурх ва санҷоби сибирӣ мебошанд.

Мӯйинаи  санҷобҳо ранги зарди хокистарӣ  мебошад. Даҳони хурд ва дар лунҷаш холигии калон дорад, ки ба воситаи он хӯрокашро кашонда захира мекунад. Санҷоб асосан растаниҳоро истеъмол мекунад, ба монанди юнучқа, буттаҳо, растаниҳои ғалладонагӣ, замбурӯғҳо, хазон, ва дӯстдоштатарин хӯрокаш чормағзи заминӣ ва ғайраҳо.

Дар ибтидои тирамоҳ ба хоби зимистона мераванд. Дар зимистон пашми ғавсу дар тобистон тунук доранд. Тапиши дили онҳо дар як дақиқа то ба 500 маротиба баробар буда, то 200 маротиба нафас мекашанд ва ҳарорати мӯътадили баданашон 39 дараҷа мебошанд. Пойҳои пешашон нисбатан дарозтар, гӯшҳои дароз ва панҷаҳояшон хурд мебошад. Санҷобро аз юрмон фарқ кардан мушкил аст чун ки бисёр ба ҳам монанданд.

Онҳо дар замин хона сохта дар он зиндагӣ мекунанд. Ҳар як санҷоб ҳудуди муайяни худро дорад ки убур кардани он барои дигар санҷобҳо қатъиян манъ аст. Дар аввали баҳор барои наслгузорӣ миёни санҷобҳои нарина мусобиқа баргузор мегардад.  Сипас санҷоби модина бо ғолиб ҷуфт шуда, ҳар яке то фасли дигар ба ҳудудҳои худ бармегарданд. Баъди як моҳ санҷоби модина аз 5 то 12 насл ба дунё меорад. Модарсанҷоб насли худро то ду моҳ нагоҳу бин намуда, сипас ба ҳаёти мустақилона равона мекунад. Санҷобҳои ҷавон  баъди 11 моҳагӣ болиғ шуда, қобилияти наслгузорӣ пайдо мекунанд.

Қисми зиёди санҷобҳо дар ҷангалҳои сердарахти Америкаи Шимолӣ зиндагӣ мекунанд. Санҷоби сибирӣ аз Аврупо то Шарқи Дур ва аз ҷануб то Хитой во мехӯрад. Бо вуҷуди ин ки дар болои дарахт озодона ҳаракат мекунад, вале дар замин хона месозад. Хонаи санҷоб то 3 метр дарозӣ дошта ба қисматҳо тақсим карда шудааст: анборхона,хонаи хоб ва ҳатто ҳоҷатхона. Санҷоб ҳар як намуди хӯрокаи захира мекардаашро дар  алоҳидагӣ даруни амбор ҷой мекунад. Дар хонаи зист аз хазонҳо қолин месозад.  Тирамоҳ то 2 кило хӯрок захира мекунад, аҷиб он ки ӯ ин корро бо холигии дар лунҷаш буда, ки то 10 чормағзи заминӣ ҷой мегирад  иҷро мекунад. Аз моҳи октябр то  апрел зимистонгузаронӣ: лӯнда барин биниашро зери шикам гузошта хоб  меравад.  Дар  зимистон чанд бор гурусна монда мехезаду шикамашро сер карда боз хоб меравад.  Баъд аз рӯзҳои офтобии гарм аввали баҳор бедор шуда, болои дарахтон тани худро гарм мекунад.

Бинобар сабаби шикори дигар парандагон то 2 ё 3 сол умр мебинанду халос. Санҷоб ҳангоми хатарро пай бурдан баланд садо бароварда дигаронро низ аз хатар огоҳ мекунад. Ба тарафи хонааш не кӯшиш мекунад, ки  ба шохи дарахт ва ё ба даруни ҷангал даромада аз назар пинҳон шавад.Хусусияти аҷиби дигари санҷобҳо он аст, ки онҳо боридани боронро пешакӣ эҳсос мекунанд ва дар хонаҳояшон пинҳон мешаванд, чунки онҳо на он қадар ҷонвари борондӯстанд.

Санҷоб ба муҳити хонагӣ зуд одат карда, дар байни 3 рӯз аз дасти инсон хӯрок мехурад. Хӯрокаш ҳама намуди меваҷот, кулчақанд, шарбат ва тигар растаниҳо. Дар муҳити хонагӣ  санҷаб ба хоби зимистона намеравад. Дер -дер насл гузошта то даҳ сол умр мебинад.

Санҷобҳо дар Амрико хеле маълуму машҳур мебошанд. Ҳатто ба шарафи онҳо филми “Санҷобҳо” ба навор бардошта шудааст.

Биологи канадагӣ Шарлин Кушу  забони санҷобҳоро таҳқиқ намуда, барои муайён намудани фарқияти овозии онҳо кӯшиш кардааст. Бо ин мақсад Кушу дар 21 санҷоб таҷҳизоти сабти овозро маҳкам карда, тӯли 24 соат садо ва тапиши дили санҷобҳоро сабт намудаааст.    Дар натиҷа маълум кардааст, ки санҷобҳо байни худ муошират мекардаанд. Ҳангоми таҳдиди  хатар аз осмон садои паст ва ҳангоми хатари заминӣ садои баланд ва монанди ҳамин 25 овози махсус доштаанд, ки тавассути онҳо якдигарро огоҳ мекардаанд.

Таҳияи Дилмурод Юсупов

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед