Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ (аз 26.12.2018) ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «дар се соли охир дар мамлакатамон ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод намуданд, ки саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуда то соли 2030-юм њиссаи соњаи саноат дар маљмўи мањсулоти дохилї ба 22 фоиз расонида шавад».
Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо ҳадафҳои калидӣ, ба монанди таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ интихоб шуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ — аграрӣ дар кишварамон амалӣ гашта истодааст.
Аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолӣ айни замон маҳсулотҳое истењсол карда мешаванд, ки танҳо барои қонеъгардонии талаботҳои инсон, аз қабили обу нўшокиҳои ташнашикан маҳсулотҳои ғизоӣ, сарулибос, мебелу мошинҳо ва ғ. равона гардидаанд. Яъне ҳамаи он канданиҳои зеризаминӣ, масолеҳи сохтмонӣ дар корхонаҳо ё худ дар соҳаи кишоварзӣ истеҳсол ва парвариш кардашуда, дар ниҳоят пас аз истеъмол ба партов мубаддал мегарданд.
Қисме аз ин партовҳо ба воситаи обҳои равон, қисми дигари партовҳо ба намуди газӣ, буғ ва чанг ба атмосфера паҳн мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки қисми зиёди намуди партовҳои сахти саноатӣ, ки ба табиат партофта мешаванд, аз як тараф муҳити зистро ифлос намуда, аз тарафи дигар ба саломатии инсон зарар мерасонанд. Бинобар он, зарурати таъсис ва рушди корхонаҳои истеҳсолии бепартов ё худ кампартов имрӯз пеш омадааст. Ҳаҷми партовҳо рўз аз рўз зиёд шуда истодааст, ки ин аз шумораи зиёди ҷойгиркунии қуттиҳои партов дар назди биноҳои истиқоматӣ, маишӣ, маданӣ ва назди корхонаҳои хурд дарак медиҳад, ки он ҳамарўза аз ҷониби сохторҳои коммуналии шаҳру деҳот ба партовҷойҳо бароварда мешаванд.
Бояд ќайд намоем, ки партовњои саноатї дар шањрњо ба њисоби миёна ба њар як шахс 1,5 – 2 баробар зиёд мебошад. Дар шањри Хуљанд, ки айни замон 182 њазор ањолї зиндагї ба сар мебарад, миќдори зиёди наќлиёти шахсї, љамъиятї хизмат мерасонанд, ки партовњои аз онҳо хориҷшаванда ба муњити зист таъсир расонида, сабаби гирифтори инсонҳо ба беморињои гуногун мегардад.
Ба партовҳои саноатӣ тахта ва аррамайда, пластмасса, шиша ва оҳанмайда, коғаз, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва ғ.дохил мешаванд, ки асосан дар коргоҳу фабрикаҳо баъди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ боқӣ мемонанд. Ҳангоми сўхтани маводҳои сўзишворї ва ҳаракати нақлиётҳои шахсиву ҷамъиятӣ гази СО2, оксиди синку сурб (қўрғошим) ва ғ. ба атмосфера паҳн шуда, боиси олудашавии муҳити атроф мегардад.

Дар аксари шаҳрҳои саноаташ рушдёфтаи ҷаҳон, ба монанди Чин, Ҷопон, Амрико ҳавои атмосфера ғализ буда, одамон бо ниқоби нафаскашӣ мегарданд. Қобили зикр аст, ки ҳангоми сўхтани партовҳо аз қабили коғаз, халтачаҳои полиэтиленӣ, пластмасса, партовҳои чорвои калону майда, пашм, устухон, пўст ҳавои атмосфера вайрон мегардад. Аз ин лиҳоз, сўхтани партовҳо қатъиян манъ буда, партовҳо ба воситаи нақлиёт ба партовҷойҳои махсус интиқол дода мешаванд.
Маълум аст, ки тағйирёбии глобалии иқлим ба ҳаҷми захираҳои оби нўшокии тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозад, аз тарафи дигар бар асари зиёд шудани аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман дар сатҳи глобалӣ талабот ба захираҳои об босуръат афзоиш меёбад.
Бунёди корхонаҳои саноатии нав ҳам миқдори зиёди обро талаб менамояд, хусусан корхонаҳои коркарди маъдан, истихроҷи металҳои нодир, мисли тиллову нуқра ва ғайраҳо. Чунин корхонаҳо бояд обро самаранок истифода карда, баробари ин ба ифлосшавии муҳити атроф бо партовҳои худ боэҳтиёт бошанд.
Академики академияи илмҳои табиии Россия, профессор Юрий Новиков дар китоби «Экология, муҳити зист ва инсон» оид ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим чунин навиштааст: «Гармшавии иқлим боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гашта, як қатор ҷазираю давлатҳоро метавонад хароб кунад». Коршиносон тахмин мекунанд, ки шояд то охири асри ХХI сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ то як метр баланд шавад. Чунин тағйирот дар баъзе кишварҳо боиси хушксолӣ, пастшавии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, гуруснагӣ ва эпидемияҳо мегардад. Парандаҳои муҳоҷир аз ҷануби гарм ба шимол барвақтар омада, дертар меистанд. Норасоии оби нўшокӣ бештар эҳсос мешавад.
Сабабҳои тағйирёбии иқлим кадомҳоянд? Ин аз ҷониби инсон сўзонидани миқдори зиёди сўзишвориҳои карбондор, партовҳо, махсусан баъди нимаи асри ХХ бо зиёдшавии миқдори гази карбон дар атмосфера сабаб гашт. Гази карбон дар навбати худ гармии аз сатҳи замин ба кайҳон мебаромадаро нигоҳ медорад, ки ин дар навбати худ боиси ба вуҷуд омадани газҳои гулхонаӣ мегардад.
Инсон, канданиҳои фоиданок — ангиштсанг, нафт ва газро дар корхонаҳои истеҷсолӣ аз меъёр зиёд истифода мебарад, ки ин боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера ва вайроншавии мувозинати иқлими сайёра мегардад, инсон бо дасти худ муҳити зисташро ифлосу хароб карда истодааст. Аммо, дар дунё садҳо ҳазор нафар муҳофизони табиат низ ҳастанд, ки бо ташаббусҳои экологии худ аҳли ҷомеаро ба барқароркунии табиат даъват менамоянд.
Чуноне маълум аст ангиштсанг, нафт, газ манбаъҳои барќарорнашавандаи энергия ба шумор мераванд. Энергияи офтобу шамол, биогаз, дарёҳо (НБО) ҳамчун манбаъҳои барқароршаванда ба ҳисоб рафта, фазоро ифлос намекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари офтобӣ буда, давомнокии солонаи равшании офтоб дар ҳудуди кишвар аз 2100 то 3170 соатро ташкил медиҳад. Насб кардани таҷҳизоти барқӣ (панелҳои офтобӣ) ва обгармкунӣ бо истифода аз энергияи офтобӣ метавонад тамоми сол як оилаи миёнаро бо барқу оби гарм таъмин намояд. Ҳамчунин бо насб кардани таҷҳизоти биогаз метавон аз поруи ҳайвоноту парандагон ва партовҳои соҳаи кишоварзӣ гази биологӣ истеҳсол намуд.
Аз рўи ҳисоби олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ аз порўи ҳайвонот дар ҷумҳурӣ соле як миллион метри мукааб гази биологӣ истеҳсол кардан мумкин аст. Маълум аст, ки аз сўхтани гази метан партов ҳосил намешавад. Бинобар он, дар натиҷаи сўзиши газҳои табиӣ ба атмосфера таъсири манфӣ камтар расонида мешавад. Аз ин рў, кишварҳои пешрафта газҳои табииро бештар истифода мебаранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «КЛИМАДАПТ» амалӣ шуда истодааст, ки мақсади асосии он паст кардани таъсир ба тағйирёбии иқлим мебошад. Механизми маблағгузории лоиҳаи «КЛИМАДАПТ» аз ҷониби Бонки рушди таҷдиди Аврупо (ЕБРР), Фонди маблағгузорӣ оид ба иқлим (ИФК) ва Ҳукумати Шоҳигарии Британия буда, лоиҳа бо ёрии Институтҳои Молиявии Шарик, мисли бонкҳои «Эсхата», «Ҳумо», «Имон-интернешинал» ва «Арванд» амалӣ мешавад. Соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ин лоиҳа истифода карда, сардхонаҳои замонавӣ бунёд менамоянд ва маҳсулоти кишоварзиро нигоҳ дошта, дар фасли зимистону аввали баҳор аз фурўши он фоидаи зиёд ба даст меоранд.
Яке аз шартҳои ҳатмии лоиҳаи «КЛИМАДАПТ» сарфаи камаш 20 фоизаи нерўи барқ, 10 фоиз сарфаи об ва 10 фоиз кам кардани эрозияи хок мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ хоҳишмандон метавонанд зимни обтаъминкунии сарфакорона, назорати таъмини об, бунёди боғу гармхона, сохтмони таҷҳизоти ҷамъоварии оби борон, амалисозии чораҳои сарфаи нерўи барқ ва нигоҳдории гармии биноҳо аз имкониятҳои лоиҳа истифода баранд.
Азимов А.Ҷ.- дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ,
Саидов Х.М. – сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд