САРЕЗ – МАРВОРИДИ КУҲҲОИ ПОМИР

0
39
боздид

Кўлҳои Тоҷикистон аз зебогию хушманзарагӣ, оби зулолу мусаффои ҳайётбахш бой буда, мақбулу машҳури сайёҳон ва дўстдорони табиат гардидаанд. Ба худ хосиятҳои ташаккулёбӣ, пайдоиш ва аҳамияти хоса дорад.

Кўлҳо дар фурўрафтагиҳо ва ҳамхўрдаҳои сарбастаи хушкиҳои Замин, дар натиҷаи ҷараёнҳои геологии эндогенӣ: заминларза, ҳаракатҳои тектоникии андаруни қабатҳои ҷинсҳои кўҳӣ, дар жарфиҳои гуногун ва сатҳи он бо фаъолияти рўйдодҳои беруна (экзогенӣ) ташаккул меёбад. Аз рўи тақсимотњои географӣ кўлҳои Тоҷикистон дар ду минтақаи   баландкўҳ ҷойгир   шудаанд: Тоҷикистони Марказӣ (водии ҳавзаи рўди Зарафшон) ва Помир (ВМКБ).

Кўлҳо дар байни обҳои сатњи Замин ҷойи махсусро ишғол менамоянд. Онҳо аз рўи режаи термикӣ, таркиби кимёвӣ, тағйирёбӣ ва ҷойивазкунии об пасту баландшавии сатњашон дар фаслҳои сол аз якдигар фарқ мекунанд. Онҳо хусусиятҳои табиии худро дошта, аз дигар комплексҳои ҳамсайёраи атрофашон фарқ мекунанд. Олами органикии онҳо бевосита бо об зич алоқаманд аст.

Кӯли Сарез

Кўли Сарез аз замони пайдоиш дар маркази таваҷҷўҳи ниҳодҳои зисти  муҳити  Тоҷикистон  ва  минтақа қарор дошт. Ҳанўз дар солҳои 70-уми асри гузашта мутахассисони Шуравӣ дар пайи тадқиқоти зиёд ба ин натиҷа расидаанд, дарозмуддат ҷамъ шудани беш аз ҳадди об боиси вайрон шудани садди табиӣ ва сарозер шудани обу сангу гил хоњад шуд. Баъд аз касби истиқлол масъулони тоҷик талош намуданд бо пешниҳод кардани рақаму далелҳо хатари кўли Сарезро муаррифӣ ва барои пешгирӣ аз фоҷеаҳои экологӣ ва инсонӣ талошҳое ба харҷ доданд. Аз ҷумла дар охирҳои соли 1997 дар шаҳри Душанбе конфронси баналмилалие  барпо гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба кӯли Сарез мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар конфронс пешниҳод шуд, ки дар сурати баҳрабардорӣ кӯли  Сарез 40 то 50 млн. аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳад кард.

Дар соли 2000 ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки барои аз байн бурдани хатароти кўли Сарез мусоидатҳои лозимиро анҷом диҳанд. Дар ҳамон сол таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ тарҳе бо номи «Кӯли Сарез барномаи коҳиши хатар» ба тавсиб расид. Барои таҳияи барномаи истифода аз оби кўли Сарез бисёре аз кишварҳо аз ниҳодҳои байналмилалӣ дар ростои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез кумакҳои моллӣ ва фаннӣ расондаанд. Солҳои зиёде аст, ки барои рафъи хатарот гуруҳҳои таҳқиқотӣ дар   Бадахшон корҳоеро анҷом додаанд.

СОЗАНДАИ КЎЛИ САРЕЗ

Ними шаби 18 феврали соли 1911 заминларзаи шадиде сабаби лағшиши боҳашамати кўҳпораи ҷинсҳои метаморфӣ (тағйирёфта) — и нишебии ҷануби кўҳи Музколи водии  Мурғоб гардид. Дар ду дақиқа зиёда аз 2 км мукааб ҷинсҳои кўҳӣ пеши маҷрои рўди Мурғобро баста, деҳаи Усой бо тамоми   мавҷудоташ ва аҳолии 54 нафараш зери кўҳпораю сангпораҳо монда, аз онњо ягон нишонае боқӣ намонд. Дар макони деҳаи Усой сарбанде ба вуҷуд омад, ки 550 – 850 м баландию 3,5 – 4,0 км   пањноӣ дошт. Лағжиши ҷинсҳои кўҳӣ бо шитобиву нерўи аз ҳад зиёде фаромадааст, ки ҳангоми бархӯрдан бо ҷинсҳои қаъри рўди Мурғоб сангпораҳою харсангҳои калонҳаҷм дар масофаи 3 — 4 км партофта шуданд, масоҳати тахтасангҳо то 1000 м мерасид. Бо мурури вақт рўди сарбандшуда деҳаи Сарезро зери об монда, кўл ташаккул меёбад ва номи Сарезро мегирад. Аз заминларза деҳаҳои Ирхт, Барчидев, Насур, Пасор, Савноб ва Рухчии волости Оршор харобу валангор гашта,180 одам нест шуд. Аз кўҳпораю сангпораҳои лағжида маҳали сарбанд зиёда аз як ҳафта дар иҳотаи чангу ғубор монд.

Ҳамасола сатҳи кўл баланд, масоҳати он васеътар мегардид. Масалан, соли 1913 дарозии кўл 28 км ва жарфиаш 280 м буд; ду сол пас  жарфии об ба 353 м, соли 1934 ба 500 м баробар шуда, 56 км дароз шуд. Дар замони ҳозира кўл 56 км дарозӣ, 3 — 4 км паҳноӣ, аз 200 то 505 м жарфӣ ва 16 км муккааб ҳаҷми об дар баландии 3239 м аз сатҳи баҳр мавзеъ дорад. Масоҳати сатҳи оби кўл 50 км2-ро ташкил мекард. Дар он ҷое, ки Сарез макон гирифтааст, водии Мурғоб тангбари хушманзара аст; аз шимол бо кўҳҳои Музкол аз ҷануб бо Алмчури Шимолӣ иҳота гардидааст.

Кўли Сарез аз рўди Мурғоб ва зиёда 30 рўдчаҳои атроф, Лангар, Давлат, Марҷонасои Калон, Марҷонасои Хурд, Ватасаиф, Рамаиф ва аз барфу пиряхҳо ғизо мегирад. Аз сарбанди Сарез рўди Бартанг сарчашма ва ном мегирад. Рўди Мурғоб аз масофаи 170 км ба кўли Сарез ҳамасола 520 миллион м2 об ворид мекунад. Дар байни рўдҳои паҳлўгии кўли Сарез чарогоҳҳою дараҳои аз якдигар дур: Тагидара, Шасавдара, Шаргаштшош, Чӯпон, Паттатошсой, Садгаук, Сариқамиш ҳамчун чарогоҳи тобистона   истифода мешаванд.

Оби лоҷуварди Сарез дар оянда чун оби нўшокӣ, хоҷагидорӣ ва моҳипарварӣ истифода хоҳад шуд. Олами наботот ва ҳайвоноти Сарез  шабеҳи ин гуна офаридаҳои табиӣ Помири Шарқӣ ва Помири Ғарбиро дорад.

Кўлҳо манбаи асосии нерўи барқӣ – обӣ, моҳипарварӣ маҳсуб меёбад. Ҳамасола ба ин кўлҳо садҳо сайёҳони хориҷӣ дуру наздик ташриф оварда, аз манзараҳои нотакрори онҳо, ҳавои софи тоза ва обҳои ширини кўҳӣ лаззат мебаранд. Ҳифз ва истифодаи оқилонаи кўлҳо зарур ва ҳатмист!

Х. Бобокалонова,
корманди МД «Маркази илмӣ – тадқиқотии
ҳифзи захираҳои об»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед