Семинари машваратӣ оид фаъолияти мақомоти давлатӣ тибқи муқаррароти қонунҳои соҳавӣ

0
79
боздид
Инсон ва табиат

22 ноябр дар меҳмонхонаи “Серена” дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зиcти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Чамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар доираи Барномаи минтақавӣ “Истифодаи ҳамгироёнаи замин бо назардошти тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” семинар оид ба баррасии санадҳои маъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор баргузор гардид.

Инсон ва табиат

Дар баррасии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зермуассисаҳои он аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, намояндагони вазорати кишоварзӣ, агентии хоҷагии ҷангал ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони ташкилоти GIZ, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор (КБРУ) иштирок намуданд. Баромадкунандагон изҳор намуданд, ки ба хотири фаъолнок гардондани фаъолияти сарраёсат ва шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд аз санадҳои маъёрӣ-ҳуқуқӣ дуруст истифода намуд.

 “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед