СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ МАРКАЗИ ОРХУСИ Ш. ДУШАНБЕ

0
1171
боздид

Нимаи  аввали санаи 17 июли соли 2019 бо ташаббуси Маркази захиравии Орхуси назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгузаронии Кумита бо иштироки мутахассисони мақомотҳои мухталифи давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Идоракунии устувори замин ва ҳифзи захираҳои замин дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар оғози семинар муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳамоҳангсози Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Назарзода сухани шодбошӣ ироа намуд.

Зимни суханронии муовини Раиси Кумита аз ҷумла қайд гардид, ки “Дафтари Барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шарики асосии Кумита буда, дар амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои муҳити зист, оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, мукаммалгардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нерӯи зеҳнии мутахассисон  саҳми беандоза калон гузошта истодааст.

Зарина Назарзода аз шомил шудани Тоҷикистон ба 10 Конвенсияҳои экологӣ, аз ҷумла Конвенсияи Орхус ёдовар шуда, тазаккур дошт, ки “Дафтари Барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ш. Душанбе барои амалӣ гаштани Конвенсияи Орхус саъю талош мекунад. Бо дастгирии Дафтари Тоҷикистонии САҲА дар 7 минтақаҳои гуногуни кишвар Марказҳои Орхус ташкил гардида, дар сатҳи миллӣ ва ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар карда истодаанд”. Дар фарҷоми суханрониаш З.Назарзода изҳори умед ва боварӣ намуд, ки семинари омӯзишӣ дар баланд гаштани сатҳи донишњои экологии иштирокчиён дар самти истифодабарии замин ва иштироки минбаъдаашон дар қабули қарорҳо кӯмак мерасонад.

Ҳукуматшо Шарипов ҳангоми муаррифии таҷрибаҳои лоиҳаи ELMARL

Пас аз қисмати расмии чорабинӣ сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологӣ Абдураҳимов Б. дар мавзӯи “Истифобарии стандартҳои экологӣ дар ҳифзу нигоҳдории  захираҳои замин”, аъзои Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди Кумита Шарипов Ҳ. Дар мавзӯи  “Идоракунии устувори замин”, муовини Сардори Маркази ахбори экологии Кумита Сангов И. дар мавзӯи “Нақши Барномаи маърифати экологӣ дар таблиғоти масъалаҳои истифодабарии замин” ва сармутахассиси Экспертизаи давлатии Экологӣ Назарова С. дар мавзӯи “Роҳҳои гузариш ба иқтисодиёти сабз дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” бо презентатсияҳо баромад намуданд.

Пас аз шунидани маърӯзаҳо сужаҳо аз фаъолияти лоиҳаи ELMARL – Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот, ки солҳои 2013-2018 дар як қатор ноҳияҳои Тоҷикистон амалӣ шудаанд, пешкаши иштирокчиён гардонда шуд. Ҳамчунин ба иштирокчиёни семинар варақаи омоданамудаи Маркази Орхуси ш. Душанбе таҳти унвони “Чорабиниҳо оид ба идоракунии замин ва коҳишдиҳии оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим” тақсим карда шуд. Зимни муҳокимаронӣ ҳозирин иброз доштанд, ки баргузор кардани чунин семинарҳои омӯзишӣ барои табодул ва афзун гаштани донишҳои экологӣ муосидат менамояд.

“Инсон ва табиат”                                                                              

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед