Шахлола

0
206
боздид
Шахлола дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад
Аз Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шахлола

Tulipa affinis Z. Botsch.

Оилаи Liliaceae  

Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN

Намуди хоси Помиру Олой аст.

 

Дар қаторкӯҳи Туркистон (да­раи Тагоба) паҳн гардидааст. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Ӯзбекистон (қаторкӯҳҳои Чатқол, Фарғона, Олой) во мехӯрад. Дар нишебиҳои санглох ва ма­ҳинхок, дар минтақаи арчазори гармидӯст (дар баландиҳои 2000- 2500 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд.

Растании бисёрсолаи пиёзак­дор буда, то 50 см қад мекашад. Пиёзбехаш тухмшакл, бо ҷилди қаҳваранги сиёҳтоб пӯшида шу­дааст. Моҳҳои апрел – май гул карда, июн – июл мева медиҳад.

Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ зиёд мешавад. Ба таври сунъӣ дар Боғи ботаникии ш. Хуҷанд парвариш карда буданд.

Растании зебо буда, барои боғ­ дории ороишӣ ва сабзкорӣ исти­фода бурдан мумкин аст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед