
Шаҳраки начандон калони Матмата дар ҷануби Тунис (биёбони Саҳрои Кабир) – яке аз марказҳои зисти троглодитҳо-сокинони ғорҳо ба шумор меравад.
Чунин ҳисобида мешавад, ки ғорҳо ба сифати макони зист нахуст дар давраи ҳукмронии римиҳо пайдо шудааст. Имрӯз яке аз қабилаҳо дар Тунис бо номи барбарҳо барои манзили зист ғорҳоро ихтиёр кардаанд. Дар чунин маконҳои зист ҳам аз гармӣ ва ҳам аз хунукиҳо пинҳон шудан мумкин аст. Дар ин ҷо ҳарорати якхела ҳукмфармост. Дар даҳсолаи охир сокинони шаҳрҳои ғорнишин хеле кам мондаанд. Зиндагӣ рӯз аз рӯз душвор мешавад, аммо ба ин нигоҳ накарда,аксар сокинони маҳаллаҳои ғорнишин хоҳиши партофта рафтани макони зисти худро надоранд.
Шуҳрату маҳбубияти шаҳракҳои троглодитҳо ҳамчун объектҳои сайёҳӣ аз солҳои 1970 баъди дар навор пайдо шудани яке аз хонаҳо дар филми “Ҷангҳои ситоравӣ” бамаротиб зиёд шуд. Аммо бо вуҷуди ин дар солҳои 1960-1970 раванди муҳоҷирати барбарҳо дар доираи барномаи давлатӣ ба шаҳру деҳаҳои замонавӣ оғоз ёфта буд.

Сокини 60-солаи шаҳраки Матмата бо номи Мунҷия мегӯяд: “Ман хонаи худро бо хонаҳои замонавӣ иваз карданӣ нестам, ҳама чизро харидорӣ кардан мумкин аст, аммо оромиши зеҳниро наметавон харид».
Яке аз сокинони дигари ин шаҳрак- мӯйсафеди 76-сола бо номи Тайиб мегӯяд: “Хонаи мо барои сайёҳон боз буд ва мо аз ҳамин ҳисоб зиндагиамонро пеш мебурдем. Акнун моро мехоҳанд аз ин ҷо кӯчонанд, вале ман хонае, ки дар он ҷо ба воя расидаам, тарк карданӣ нестам”.
Даромади асосии сокинони шаҳраки Матмата – аз ҳисоби парвариши зайтун ва туризм аст. Охирин хонаи нави ғорин соли 1970 сохта шуда буд.
Дар доираи барномаи давлатӣ оид ба барқтаъминкунӣ ба ҳар як ғор сими ноқил кашида шуда буд, бисёриҳо яхдон, телевизорҳои моҳвораӣ ва батареяҳои офтобӣ доранд.
Таҳияи АҶАММЕҲР бо истифода аз маълумотҳои Reuters