ШАҲРИТУС: БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ТАБИАТШИНОСИ НАВРАС” БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

0
522
боздид

Санаи 31 – уми майи соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Шаҳритус бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак (1 июн) ва рӯзи байналмиллалии ҳифзи муҳити зист (5 июн) маҳфили навбатии “Табиатшиноси наврас” баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он омӯзгори фанҳои география ва табиатшиносии муассиса Сайёҳат Муродова кушода эълон намуд. Зимни суханронии худ мавсуф қайд кард, ки ҳифзи табиат, донистани нозукиҳои он ва рафтори оқилона нисбат ба олами вуҳушу наботот қарзи ҳар як нафари мост. Табиат аз мост ва барои мо офарида шудааст, бинобар ин мо бояд ба қадри неъматҳои он расида ҳар қатра обу ҳар зарра хокашро чун гавҳари воло азиз донем.

Дар идома аз ҷониби аъзоёни маҳфил чорабинии бошукуҳи иборат аз шеъру суруд ва саҳначаҳову викторина баргузор гардид. Ҳар як аъзои маҳфил ба чорабинӣ бо омодагии ҷиддӣ омада буд. Саволу ҷавоби аъзоён, ки ба мавзӯъҳои экологӣ дахл дошт, ниҳоят ҷолиб гузашт. Рақсҳои минтақавӣ, сурудҳои шӯх дар васфи модар, ватан, Тоҷикистон, об ва саҳначаи “Ҳифзи об – ҳифзи саломатӣ” тавонист, ки дили ҳозиринро шод намояд.

Аъзоёни фаъоли маҳфил

Дар фарҷом аз номи роҳбарияти маҳфил ба аъзоёни фаъоли он туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Мирсаид САТТОРИЁН

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед