Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба гузаронидани аксияҳои “Тозагии маҳал-2019” ва “Тозагии соҳил-2019” дар якҷоягӣ бо намояндагии ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов санаи 17 июли соли ҷорӣ ҳашари дастаҷамъонаро ташкил ва баргузор намуд.

Дар ҷараёни ҳашар ду тарафи роҳи калони автомобилгард, ки маркази ноҳияро бо ҷамоати ба номи Талбак Садриддинов мепайвандад, аз алафҳои бегона ва партовҳои сарироҳӣ тоза карда шуд. Дар ҳашари мазкур пиру ҷавон ба кори беҳдошти муҳити зист машғул гашта, мавқеи фаъоли шаҳрвандии хешро дар ин чорабинии муҳим нишон доданд.
Ҳамзамон, дар ҳошияи талаботи аксияҳои мазкур санаи 18 июли соли ҷорӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту сохторҳои гуногун, аз қабили бахшҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, замин, маркази бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, нафақа ва шуъбаи иҷтимоии ноҳия шафати роҳи пиёдагарди назди биноҳои маъмурӣ нарм карда шуда, аз алафҳои бегона тоза гардид.
Тасмим гирифта шудааст, ки дар мавзеи омодагардида гулҳои тару тоза шинонида шуда, ба даромадгоҳи бинои маъмурӣ ҳусни дигар зам намояд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз