ШОҲИН — парандаи соли 2019

0
994
боздид
Шоҳин ҳамчун парандаи нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дошта, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Шоҳин яке аз парандагони нодири соҳибчангол ба ҳисоб меравад. Ин парандаро дар гузашта ашрофзодагон ҳамчун парандаи шикорӣ истифода мебурданд ва сабаби шоҳин ном гирифтани он низ дар ҳамин аст.

Шоҳин дар минтақаҳои биёбонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Африкаи Шимолӣ паҳн гардидааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, нишебиҳои қаторкӯҳҳои Боботоғ, Оқтоғ, Қаротегин, Ҳазратишоҳ ва Дарвоз вомехӯрад.

Муҳити хоси сукунати шоҳин нишебиҳои харсангдор, шахҳо, ҷариҳои гилдори кӯҳӣ ба ҳисоб меравад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ шоҳин то баландиҳои 1800 м аз сатҳи баҳр лона мегузорад. Дар фасли зимистон ба водии дарёҳо кӯчиш намуда, баъзан дар атрофи маҳалҳои аҳолинишин маскан мегирад.

Дар Тоҷикистон шоҳин парандаи муқимӣ буда, вобаста ба мавсими сол кӯчиш зоҳир менамояд. Шоҳин парандаест, ки ҷуфти доимӣ ташкил мекунад ва барои афзоиш як лонаро солҳои зиёд истифода мебарад. Афзоиши ин паранда моҳи март оғоз мегардад. Ҷинси модина 4-5 тухм мегузорад. Дар чӯҷабарорӣ танҳо ҷинси модина иштирок менамояд. Баъд аз 28-29 рӯз аз тухм чӯҷаҳо мебароянд.

Туъмаи асосии шоҳин кабӯтар, мусича, мурғобӣ, майна ва дигар парандагони андозаашон хурду миёна ва хояндагони мушмонандро ғизо мегирад.

Саршумори умумии шоҳин дар ҳудуди Тоҷикистон аз 11-13 ҷуфт беш нест. Омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори шоҳин ғайриқонунӣ доштани ин паранда ва чӯҷаҳои он бо мақсади тиҷорат, ноҳинҷор гардонидани ҷуфтҳои лонагузор ба ҳисоб мераванд.

Шоҳин ҳамчун парандаи нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дошта, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори ин парандаи нодир бар зидди ғуруқшиканӣ мубориза бурда, ғайриқонунӣ доштани онро дар табиат ҷилавгирӣ намудан зарур аст. Ҷойҳои лонагузории шоҳин бояд таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор гиранд.

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед