Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об

0
579
боздид
Шаршара дар шоҳроҳи Душанбе -Хоруғ

 

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об (дар гузашта Бозрасии махсуси назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об) дар асоси қарори Шӯрои Вазирони ҶСС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1988 №234 «Дар бораи нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии ҳифзи табиат» таъсис дода шуда буд.

Фаъолияти шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита асосан ба пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ, сарфакорона истифода бурдани он, ҳолати пармакунии чоҳҳои обгирӣ, назорат оид ба ҳолати иншоотҳои обтозакунии канализатсионӣ ва сифати партовҳои обии корхонаҳои истеҳсолӣ ра- вона карда шудаст. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар як қатор қонун ва санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқие қабул шуданд, ки истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обро таъмин менамоянд. Нозирони раёсатҳои вилоятӣ, шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти Кумита якҷоя бо шуъбаи назоратӣ баҳри риояи талаботи Кодекси оби ҶТ, амалӣ гардонидани тадбирҳои Барномаи давлатии экологӣ ва Консепсияи ҳифзи муҳити зист объектҳоро месанҷанд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳдошт ва обтаъминӣ чунин Барнома ва стратегияҳо қабул гардидааст:

  • Барномаи беҳтар намудани таъминоти ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020;
  • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи «Обтаъминкунӣ ва канализатсия» дар солҳои 2006-2015;
  • Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015;
  • Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва солҳои 2010-2012.

Дар доираи ин Барномаҳо дар ҷумҳурӣ корҳои зиёде ба анҷом расида, амали- шавии чорабиниҳо марҳила ба марҳила идома доранд. Барои муайян намудани манбаҳои ифлоскунандаи об ва пешгирии онҳо аз ифлосшавӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз соли 2005 инҷониб аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида мешавад. Дар аксия ҳамасола намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, кормандони ташкилоту идораҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, хоҷагии об, саҳаи маориф фаъолона иштирок мекунанд. Қобили зикр аст, ки гузаронидани аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал”, ташкил кардани дигар ҳашарҳои умумихалқӣ барои беҳдошти вазъи санитарию экологии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои зист мусоидат мекунад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед