Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо

0
3555
боздид
Муҳити атрофро бояд тоза нигоҳ дошт.

 

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо

           Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳо (минбаъд шуъба) фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Кодекси замин»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифода ва ҳифзи замин, сарватҳои зеризаминӣ ва муомилот бо партовҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳукуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дастурамалҳои тасдиқгардида аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ менамояд. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 адад корхонаҳо ба истихроҷ ва коркарди сарватҳои маъмули умум машғуланд, ки масоҳати умумии онҳо 3000 гектар заминро ташкил медиҳад. Масъалаи муомилот бо партовҳо (ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, безараргардонӣ ва гӯронидан) яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳа ба шумор меравад. Дар ҷумҳурӣ 105 партовгоҳҳои расмӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 71 адад — партовгоҳҳои истеъмолӣ, (сахти маишӣ) 32 адад — партовгоҳҳои партовҳои саноатӣ ва 2 адад — партовгоҳҳои заҳрхимикатҳо мебошанд.

Партовгоҳи заҳркимиёвии ноҳияи Вахш аз замони шӯравӣ боқӣ монда, дар қисмати ҷануби кишвар ягона мавзее мебошад, ки пасмондаҳои заҳрхимикатҳои истифодашуда гӯронида мешуд. Дар замони нобасомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ мавзеи мазкур валангор гардида, ҳудуди хатарнокии он аз мадди назар дур монда буд. Хушбахтона, баъди ба эътидол омадани вазъи мамлакат, бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш бо мақсади пешгирӣ аз даромадани чорвои мардум ба ҳудуди партовгоҳ ва боғ атрофи он пурра симтур кашида шуд. Аз анбори партовгоҳи заҳркимиёвии н. Қумсангир ба ин мавзеъ зиёда аз 60 тонна боқимондаҳои заҳрхимикатҳо бо хоки заҳрогин омехта бо мақсади безараргардонӣ ва гӯронидан дар халтаҳои махсус оварда шуда, нигоҳ дошта мешаванд.

Дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе 2 партовгоҳи нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. То ҳол 5 партовгоҳ, аз ҷумла, 2 партовгоҳ дар вилояти Суғд ва 3 партовгоҳ дар вилояти Хатлон бе иҷозатномаи муомилот бо партовҳо фаъолият намуда истодаанд. Дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар рӯз ба миқдори 4029,42 мЗ партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ва дар як сол зиёда аз 2 миллион м3 партовҳо ба партовгоҳҳо бароварда мешаванд. Кумита вобаста ба иҷрои бандҳои 1 ва 4 қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» дар доираи салоҳияташ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор дар миқёси ҷумҳурӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидааст. Аз қабули қарори мазкур то имрӯз дар ҷумҳурӣ 1763 адад нуқтаҳои қабули лампаҳои каммасрафи симобдори аз ис- тифода баромада ташкил карда шуда, дар сохторҳои маҳалии КВД «Хоҷаги манзилию коммуналӣ» ва корхонаву ташкилотҳо ба миқдори 3074238 адад лампаҳои аз истифода баромада ҷамъоварӣ карда шудааст. Таъмини қарори мазкур барои безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо гузошта шуда, дар сурати мусоидати онҳо корхонаи коркарди лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада фаъол гардонда мешавад. Дар давраи солҳои 2011 — 2016 дар ҷумҳурӣ бештар аз 2,7 миллион адад лампаҳои симобдори аз истифода баромада аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҷамъоварӣ шуда, дар ҷойҳои махсусгардонидашуда нигоҳ дошта мешаванд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе бо маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд як адад дастгоҳи безараргардонии лампаҳои симобдор харидорӣ гардида, дар КВД «Партовгоҳи партовҳои сахти ма- ишии шаҳри Душанбе» насб карда шуд. Аммо мутаассифона ин дастгоҳ имрӯз фаъолият накарда истодааст, чунки корхонаи мазкур бо тарзи худмаблағгузорӣ фаъолият намуда, танҳо дар ҳолати ворид шудани маблағ ба суратҳисоби корхона, безараргардонии лампаҳо  амалӣ шуданаш мумкин аст.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед