ШУМО ДОИР БА ЗАРАРИ БАТАРЕЯҲОИ АЗ ИСТИФОДАБАРОМАДА БА МУҲИТИ ЗИСТ ЧӢ МЕДОНЕД?

0
490
боздид
Қуттиҳои махсуси партов барои батареяҳо

Дар бузургтарин марказҳои савдои пойтахт 25 қуттиҳои партовгирӣ барои батареяҳои аз истифодабаромада гузошта шуд.

     20 январи соли 2022 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” дар марказҳои савдои “Авранг”, “Пайкар” ва “Ашан”-и ш. Душанбе ба хотири пешгирӣ аз зарари батареяҳо ва дигар намуди партовҳои электронӣ аксияи экологӣ баргузор гардид. Бо ин мақсад дар даромадгоҳҳои марказҳои савдои болозикр қуттиҳои махсус гузошта шуда, волонтёрони ТҶ “Пешсаф” ба харидорон варақаҳои тарғиботӣ ва блокнотҳоро бо навиштаҷоти ҳушдордиҳанда дар бораи зарари батареяҳои аз истифодабаромада ба муҳити зист тақсим намуданд.

Қуттиҳои махсус дар Маркази савдои «Пайкар»

Ёдовар мешавем, ки дар даромадгоҳи бинои Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ду адад қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии батареяҳои азтистифодабаромада гузошта шудааст.

АНДЕШАҲОИ ИШТИРОКДОРОНИ АКСИЯ

    Дар рӯзи баргузории аксия аз Кумита якчанд нафар мутахассисон иштирок доштанд. Яке аз иштирокдорони аксия, сардори МД “Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ” Абдусалим Ҷӯраев зимни мусоҳиба чунин ибрози андеша намуд:

Абдусалим Ҷӯраев

Дар натиҷаи нодуруст партофта шудани батарейка ба муҳити зист он боиси хушк шудани ду дарахт мегардад. Ё ҳангоми аз истифода баромадан як батарея метавонад боиси олуда намудани  400 литр оби нӯшокӣ ва вайрон гаштани 20 метри мураббаъ замини ҳосилхез гардад. Бояд зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои аксияи мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Аз шаҳрвандони муҳтарам хоҳиш карда мешавад, ки  батарейкаҳои аз истифода баромадаро ба қуттиҳое, ки дар марказҳои савдои “Ашан”, “Пайкар” ё “Авранг” гузошта шудааст, оварда партоянд. Пас аз пур шудани қуттиҳои партовгирӣ батареяҳои азистифодабаромада дар анбори партовгоҳи марказии шаҳри Ҳисор нигоҳдорӣ гардида, бо фароҳам омадани шароит ва овардани таҷҳизоти безараргардонӣ онҳо ҳатман коркард карда хоҳанд шуд.

Иштирокчии дигари аксия, сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳо Наимҷон Неъматзода зимни мусоҳиба чунин изҳори андеша намуд:

Наимҷон Неъматзода

Қобили зикр аст, ки мақоми ваколатдор дар соҳаи идоракунии партовҳо — мақомоти махсусе мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии партовҳо ваколатдор таъин гардидааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зист мақоми ваколатдор мебошад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки батареяҳои азистифодабаромада ба табиат ва саломатии одамон зарари бениҳоят калон доранд. Тавре мушоҳида  мешавад, пас аз анҷоми муҳлати истифодабарӣ батарейкаҳо бо партовҳои ҳосилшудаи табиӣ якҷоя карда шуда, ба партовгоҳи умумӣ бароварда мешаванд. Шояд дар бораи зарари батарейкаҳо аксари аҳолӣ маълумоте надошта бошанд. Бояд зикр намуд, ки батарейкаҳо дорои  5 элементи кимиёвӣ – никел, симоб, сурб, кадмий ва синк мебошанд, ки ҳангоми паҳн шудан ба муҳити зист ва сӯзонидан гази дуоксид хориҷ намуда, боиси захҳролуд гаштану дучор шудани инсон ба бемориҳои гуногун мегардад.

Бинобар ин гузаронидани чунин иқдом саривақтӣ буда, ба баланд гаштани донишҳои экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Умед Улуғов, ҳамоҳангсози ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф”

Иқдоме, ки имрӯз аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” гузаронида мешавад. Ташкилоти “Пешсаф” дар ин кор ба Кумита кумак карда истодааст. Мо умедворем, ки дар оянда дигар марказҳои савдои пойтахтро ба чунин иқдом ҷалб кунем ва муҳити зисти Тоҷикистонро боз ҳам тозатар намоем.

   Ба ҷои хулоса

Ин иқдом қадами ҷиддиест барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, имкон медиҳад, донишҳои худро доир ба зарари батарейкаҳо ва дигар партовҳои электронӣ зиёд намоем.

 

          “Инсон ва табиат”

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед