Соли 2022 – Соли паланг

0
3331
боздид
Инсон ва табиат

      31 декабр пас аз чархиши ақрабаки соат ба 12-и шаб мардуми олам соли нави 2022-ро пешвоз мегиранд. Миёни мардуми тоҷик солшумории дувоздаҳгона бо номи мучал ё мӯрҷал машҳур аст. Мутобиқи фарҳанги мардумӣ дар ин намуди солшуморӣ ба навбат ба 12 ҷонвар номгузорӣ шуда, аз рӯйи хусусияту табиати ҳайвонҳо, меъёрҳои сириштию мизоҷии онҳо ба афроди дар ҳамон соли ҳайвон таваллудёфта толеъбинӣ мешавад. Яъне, чигунагии соли «мучал»-и шахсро мардум аз рӯйи шакл ва рафтори ҷонвар пешгӯйӣ мекунанд.

Тибқи солшумории шарқӣ соли 2022 соли паланг аст. Одамоне, ки дар соли паланг таваллуд шудаанд, ба гуфтаи ҳолдонҳо соли 2022-ро фаъолона ва хушҳолона сипарӣ мекунанд. Тибқи солшумории чинӣ соли паланг 1 феврали соли 2022 ворид шуда, то 1  феврали соли 2023 давом мекунад.

Соли ҳар як ҷонвар дар Осиёи Пеш ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, аз Наврӯз оғоз меёбад, на аз оғози Соли нави исавӣ.

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед