Солимӣ хоҳед — испаноқ хӯред!

0
253
боздид

Солҳои охир дар хусуси фоидабахшии испанок (испалоқ, шпинат) зиёд мегўянду менависанд. Ин кабудӣ дар ошхонаҳои кишварҳои зиёд мақоми намоён дорад. Ватани испанок Эрон аст. Дар асрҳои миёна тоҷирон ин кабудии хушлаззату сервитаминро ба Аврупо бурданд. Имрўз онро дар гармхонаю майдонҳои зироаткории бисёр кишварҳо парвариш мекунанд.

 Дар таркиби испанок витамини К ё филлохикон фаровон аст. Ба ҳисоби миёна дар як шабонарўз барои инсон 120 мкг витамини К зарур аст. Дар 100 грамм испанок 483 мкг витамини мазкур мавҷуд аст, ки ин аз меъёр чор маротиба зиёд мебошад. Дар баргҳои он 90% (дарсад) меъёри шабонарўзии бета- каротинҳо ва 83% (дарсад) провитамини А мавҷуд аст.

Инчунин дар таркиби ин кабудӣ 61% (дарсад) кислотаи аскорбин (витамини С), 20% (дарсад) кислотаи фолат (В9), 16% (дарсад) витамини Е ва 14% (дарсад) витамини В2 ҳаст. Испанок бо оҳани зиёд доштанаш машҳур мебошад. Дар барги он 13, 51 мг оҳан мавҷуд аст, ки ин 75 дарсад меъёри шабонарўзии талаботи инсон ба оҳанро ташкил медиҳад. Мангани таркиби он ки ҷавобгўи фаъолияти хуби системаи асаб аст, ба нисфи меъёри шабонарўзии талаботи инсон рост меояд.

Испаноқ ҳамчунин аз калий, магний, калтсий, фосфор ва натрий бой аст. Пайваста истеъмол кардани ин кабудӣ анемия (камхунӣ), ҷоғар (зоб) ва бемориҳои узвҳои ҳозимаро пешгирӣ мекунад. Испанок бо сафедаи зиёд доштанаш машҳур аст. Аз ин ҷиҳат он баъд аз гўшт, нахўд ва лўбиё мақоми баландро ишғол мекунад.

Солҳои пеш испанокро асосан барои рафъи қабзияти шикам (сахтшавии дарун) истифода мебурданд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ин кабудӣ барои гирифторони бемориҳои дилу рагҳо фоидаи зиёд доштааст. Парҳезшиносон чунин ақида доранд, ки истеъмоли испанок организмро то дергоҳ ҷвон нигоҳ медорад. Бо мурури замон рагҳо дар худ торафт камтар моддаҳои фоиданок ва оксигенро «меҷаббанд». Аз ин сабаб дар дил, гурдаҳо, ҷигар ва ҳатто мағзи сар гипоксия (норасоии оксиген) ба мушоҳида мерасад.

Истеъмоли мунтазами испанок ин ҳолатро рафъ менамояд. Витамини С- и таркиби он масуният (иммунитет)- ро мустаҳкам месозад. Оҳан барои бо оксиген таъмин шудани ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Фитонутриентҳо авҷгирии инкишофи ҳуҷайраҳои саратониро бозмедоранд. Бета- каротини испанок барои афзоиши нури чашм зарур аст. Алалхусус ашхосе, ки соатҳо назди компютер мешинанд, бояд бештар испанок бихўранд.

Истеъмоли испаноқ махсусан барои ҳомиладорон муфид ва зарур аст. Зеро он аз микроэлементҳо, кислотаи фолат ва аскорбин бой буда, ба инкишофи хуби ҷанин мусоидат менамояд. Барои касоне, ки аз вазни зиёдатӣхалос шудан мехоҳанд, испаноқ воситаи беҳтарини харобшавӣ ба шумор меравад. Хулоса, агар солимӣ хоҳед, испанокро ҳамарўза истеъмол кунед.

Гулнор АЛИЕВА, омўзгори МТМУ №24, шаҳри Душанбе

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед