Тибқи маълумоти хабаргузории пойгоҳи “Ахбор” дар деҳоти Панҷакент соҳибкороне пайдо шудаанд, ки барои ҳар як лонаи кӯршабпарак 5 ҳазор доллари амрикоӣ пешниҳод мекунанд. Ин хабар миёни сокинон ғулғула барпо кард ва аксарият барои ба даст овардани маблағи ҳангуфт ба ҷустуҷӯи лонаи кӯршабпарак шитофтанд.
Бино ба гуфтаи сокинони деҳоти Панҷакент ин “бизнесменҳо” аз лӯлиҳои маҳаллӣ мебошанд. Дӯстдорони табиат бошанд аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чунин овоза боиси нобуд шудани кӯршабпарак дар водии Зарафшон мегардад. Лӯлиҳои “бизнесмен” деҳа ба деҳа гашта, ба сокинон пешниҳод мекунанд, ки барояшон лонаи кӯршабпарак пайдо намоянд. Бино ба нақли онҳо лонаҳои кӯршабпарак барои истеҳсоли дору бар зидди саратон истифода мешавад ва онҳо ҳамчун миёнарави ширкатҳои доруистеҳсолкунӣ тайёранд, ки барои ҳар як лонаи кӯршабпарак 5 ҳазор доллар диҳанд.

Яке аз сокинони деҳаи Дашти Қозӣ дар суҳбат ба пойгоҳи хабарии “Ахбор” гуфтааст, ки Қандил ном сокини деҳаашон рӯзи 23 январ лонаи кӯршабпаракро пайдо кардааст. Аз ин бозёфт лӯлиҳои миёнарав огоҳ шуда, худи ҳамон бегоҳ ба деҳа омадаанд. «Вақте Қандил ба онҳо лонаи пайдо кардаашро нишон дод, лӯлиҳо бо баҳонаи кӯҳнаву вайроншуда ва дуруст махкам набудани он ба ӯ 1000 доллар пешниҳод кардаанд. Вале Қандил розӣ нашуд.
“Бизнесменҳо” ҳангоми суҳбат ба сокинони деҳоти Панҷакент дар суратҳо тарзи дурусти махкам кардани лонаи кӯршабпаракро фаҳмондаанд.
Муҳофизони табиат аз ш.Панҷакент дар ташвишанд, ки чунин овозаи бо маблағи калон харидорӣ намудани лонаи кӯршабпарак ба нобудшавии кӯршабпарак оварда мерасонад. Ҳамсуҳбати «Ахбор” аз деҳаи Дашти Кози нақл кард, ки чанд сол қабл шикори бераҳмона нисбати будинаҳои маҳаллӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа боиси коҳиш ёфтани шумораи онҳо дар куҳистони Зарафшон гардид.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯйихати намудҳои ҳайвоноте, ки барои манфиатҳои шахсӣ зери шикор қарор гирифтаанд, тартиб дода шудааст. Масалан, миёни мардум як вақтҳо чунин ақидае ҷой дошт ва ҳоло ҳам ҷой дорад, ки баъзе узвҳои гурги модина барои одам гӯё дар корҳои тиҷоратӣ, муколамаҳои бомуваффақ ёрӣ мерасонида бошад. Баъди паҳн шудани ин овоза шикори бераҳмонаи гург авҷ гирифт.
Як замоне овозае паҳн шуда буд, ки сангпуштро дар бозори сиёҳи хориҷи кишвар бо нархи баланд харидорӣ менамоянд. Ин овоза боиси коҳиши шумораи сангпуштҳо гардид
Хонандагони азиз! Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки дар сурати паҳн шудани овозаҳое, ки боиси нобудшавии ҳайвоноти нодир мегардад, бетараф набошед ва метавонед бо телефони 2-35-44-30 занг занед.
“ИНСОН ВА ТАБИАТ”