СУҒД: ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ БАХШИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ ВИЛОЯТ

0
822
боздид

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар истироҳатгоҳи тобистонаи бачагонаи “Вохӯрӣ” — и ноҳияи Бобоҷони Ғафуров кормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо истироҳаткунандагон: наврасон ва мураббиёни онҳо, ки зиёда аз 100 нафарро ташкил медоданд, вохӯрӣ доир намуд.

Намояндагони шӯъбаи ҳифзи муҳити зист ба наврасон дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ, иштироки наврасон дар чорабиниҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист суханронӣ  намуданд.

  Дар навбати худ роҳбари истироҳатгоҳ Турдиев М. барои  ташкили чунин вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, доир намудани чунин вохӯриҳоро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.      

**********

          Баҳри баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии наврасон, дар тинати онҳо ташаккул додани муносибати эҳтиёткорона нисбат ба табиат ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» санаи 23.07.2019 дар истироҳатгоҳи тобистонаи “Эделвейс”-и ноҳияи Шаҳристон корманди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо истироҳаткунандагон вохӯрӣ ташкил намуд.

Ба наврасони истироҳатгоҳ, ки аксарият хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва берун аз он мебошанд, оиди ҳифз ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, гузоштани саҳми арзанда дар беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа, махсусан дар ноҳияи Шаҳристон, ки яке аз минтақаҳои туристӣ маҳсуб меёбад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

          Ин иқдом бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар дигар истироҳатгоҳҳои  вилоят низ ба нақша гирифта шудааст.   

**********

            Тибқи нақшаи корӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии наврасон  дар истироҳатгоҳҳои вилояти Суғд вохӯриҳо бо истироҳаткунандагон  идома дорад. Бо ин мақсад кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон бо истироҳаткунандагон ва мураббиёни истироҳатгоҳи «Шоҳин» вохӯрӣ  баргузор намуданд. 

Мулоқоти кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон бо истироҳаткунандагон ва мураббиёни истироҳатгоҳи «Шоҳин»

          Дар рафти вохурӣ кормандони бахш Ахмедова Ҷ. ва Парпиев А. дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ташаккул додани мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ибрози ақида намуданд. Дар идома истироҳаткунандагон доир ба ҷой доштани муаммоҳои экологӣ дар ҷои истиқоматашон ва роҳҳои ҳалли онҳо фикру ақидаҳои худро баён доштанд.

**********

   Бо мақсади ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳия семинари машваратӣ дар мавзўи «Об манбаи ҳаёт» гузаронида шуд. Кормандони бахш Ҳасанбоев М. ва Кабиров Д. ба истироҳаткунандагон оиди ҳифз ва оқилона истифодабарии сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ, ҷалби хонандагон дар аксияҳои экологӣ, мавзӯи муомилот бо партовҳо маълумоти муфассал доданд. Дар рафти семинар ба истироҳаткунандагон маводҳои иттилоотӣ рӯзномаи соҳавии “Инсон ва табиат” ва буклетҳо  тақсим карда шуд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед