Ҳамкориҳои Кумита бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) вусъати тоза мегирад
Барои ҳаллу фасли масъалаҳои экологӣ тайи солҳои охир тавсеаи ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба мушоҳида мерасад. Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FAO) яке аз он ташкилотҳоест, ки бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар доираи фонди “Иқлими сабз” ва Фонди Глобалии Экологӣ барои амалисозии лоиҳаҳо ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст. Ҳанӯз моҳи июли соли 2018 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FAO) ҷаноби Олег Гуччелдиев дар бораи ба роҳ мондани ҳамкориҳо баргузор гардида буд.
Рӯзи 3 январи соли ҷорӣ намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FAO) теъдоди 2000 нусха нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ду ҷилд (аз ҳар як ҷилд 1000 нусхагӣ) ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 № 65, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи намудҳои олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, муайян карда шудааст. Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ соли 2015 ба табъ расида буд. Дар нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо аз олами наботот ва 222 намуди ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта дохил карда шудааст. Соли 2016 фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои бо забонҳои русӣ ва англисӣ баргардондани матни тоҷикии Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Матни тоҷикӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва САҲА баргардонида шуд. Китоби Сурх моҳи сентябри соли 2017 дар ду ҷилд – Олами набототҷилди 1 (590 саҳ.) бо теъдоди 2000 нусха ва Олами ҳайвонот – ҷилди 2 (494 саҳ.) бо теъдоди 2000 нусха, дар маҷмуъ – 4000 нусха дар нашриёти “Ганҷ” чоп шуда, ба як қатор ташкилоту муассисаҳои давлатии дахлдор дастрас гардид.
Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо назардошти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ тасмим гирифтааст, ки Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар тақдим намояд.
“Инсон ва табиат”