Аксар хонандагони азизи мо шояд бо водии Кашмир ва табиати ҷаззоби он, ки дар шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷойгир шуда, минтақаҳои Чину Ҳинд ва Осиёи Марказиро бо ҳам мепайвандад, камтар ошноӣ дошта бошанд. Дар ин мақола мо дар бораи табиати афсункори Азад Кашмир ё худ Кашмири Озод, ки як минтақаи маъмурии Покистон аст, ҳарф хоҳем зад.
Азад Кашмир ё Кашмири Озод дар қисми шимолии Покистон ҷойгир аст. Қисми шимолии Азад Ҷамму ва Кашмир қисмати поёнии Ҳимолой, аз ҷумла қуллаи Ҷамгарҳро фаро мегирад (15.531 фут ё 4734 метр). Бо вуҷуди ин, қуллаи Сарвали дар водии Нилум баландтарин қуллаи иёлот (вилоят) ба шумор меравад. Водии ҳосилхез, сабз ва кӯҳистонӣ барои ҷуғрофияи Кашмири Озод хос аст, ки онро метавон ба яке аз минтақаҳои зебои субконтинентӣ дохил намуд.
Қисматҳои ҷанубии Кашмири Озод, аз ҷумла ноҳияҳои Бҳимбер, Мирпур ва Котли тобистон ҳавои ниҳоят гарм ва дар зимистон ҳавои хунуки мӯътадил доранд. Дар қисматҳои марказӣ ва шимолии дар тобистон ҳавои гармии мӯътадил ва зимистон хеле хунук ҳукмфармо аст. Моҳҳои декабр ва январ барфи зиёд меборад.
Аз ҳудуди иёлоти Кашмири Озод дарёҳои Ҷелум, Нилум, Понч ва Шинго ҷорӣ мешаванд. Дар ин ҷо кӯлҳои зиёд, аз қабили Читта Катха, Боғсар, Банҷоса, Ганга, Ратти Гали, Сарал, Шонтер, Субри мавҷуданд. Олами набототу ҳайвоноти ин водӣ низ бой ва рангин аст.
Дар минтақа ҳам дар зимистон ва ҳам дар тобистон боришот хос аст, аммо 40-50% боришот дар моҳҳои феврал — апрел ба амал меояд. Музаффаробод ва Паттан яке аз минтақаҳои серобтарини вилоят мебошанд. Дар аксари минтақаҳо, миқдори миёнаи боришот аз 1400 мм зиёд аст ва баландтарин миқдори боришот дар наздикии Музаффаробод (тақрибан 1800 мм) рост меояд.
Ба ин минтақа дар тобистон асосан боридани боронҳои муссонӣ хос аст. Боридани боронҳои муссонӣ ва об шудани барфҳо дар тобистон боиси баланд шудани сатҳи оби дарёҳои Ҷелум ва Леепа мегардад.
Маркази маъмурии Кашмири Озод шаҳри Музаффаробод ба шумор меравад. Кашмири Озод дар майдони 11,639 км2 доман паҳн карда, тақрибан 4,5 миллион аҳолӣ зиндагӣ ба сар мебаранд. Дар водии Кашмир забонҳои асосӣ кашмирӣ ва урду мебошанд.
Аҳамияти иқтисодии туризм дар Кашмир меафзояд, аммо кишоварзӣ то ҳол тақрибан 4/5 аҳолиро бо воситаҳои зиндагӣ таъмин мекунад. Зеро заминҳои Кашмир ҳосилхезу сероб аст, бинобар он дар заминҳои он мардум ба кишти биринҷ, гандум, ҷав, нахӯд, зироатҳои арзан ва ҷуворимакка машғул ҳастанд. Боғдорӣ низ рушд карда истодааст. Хоҷагии ҷангал манбаи муҳими даромад боқӣ мемонад. Дар ин водӣ ҳунарҳои дастӣ, мисли қолинбофӣ, кандакорӣ аз чӯб, коркарди нуқра ва мис ва ғ. рушд кардааст. Яке аз намудҳои асосии варзиши мардуми маҳаллӣ чавгонбозӣ хеле маъмул аст.
Водиҳои Нилум, Шарда ва Аранг Кел маконҳои асосии сайёҳӣ, бахусус экосайёҳӣ ба шумор мераванд. Водии зебоманзари Нилум тақрибан 240 километр дар шимол ва шарқи шарқи Музаффаробод ҷойгир аст. Бо водии Когон параллел ҳаракат карда, онро қуллаҳои барфпӯш, ки аз сатҳи баҳр зиёда аз 4000 метр баландтаранд, ҷудо мекунад. Агар ҳар нафаре аз манзараҳои зебову афсонавӣ, теппаҳои осмонбӯси ду тарафи дарёи пурғавғои дарёи Нилум, ҷангалҳои сарсабз, ҷӯйборҳо, кӯлҳои баландкӯҳи водии Нилум дидан карда бошад, ҳеҷ гоҳ аз хотирааш зудуда намешавад.
Ҷамолиддин Яъқубӣ, “Инсон ва табиат”
Анҷум Маҳмуд Аҳмад, ДМТ