«Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем. Хотирнишон месозам, ки ҳифзи муҳити зист, дар айни замон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон мебошад».
Аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2018