Тафоҳуми ҳамбастагии муҳоҷират, гендер, тағйирёбии иқлим ва кишоварзӣ дар маркази таваҷҷуҳи гурӯҳи коршиносон

0
1630
боздид

26-уми сентябри соли 2019 дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Ридҷенсӣ”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Парлумони кишвар, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таҳти унвони “Тоҷикистон: тафоҳуми ҳамбастагии муҳоҷират, гендер, тағйири иқлим ва кишоварзӣ” ҳамоиш баргузор гардид. 

            Қобили зикр аст, ки лоиҳаи нав оид ба тағйири иқлим, гендер ва муҳоҷират ба Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) мутааллиқ буда, ба амалисозии Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим саҳм хоҳад гузошт.            Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон ба офатҳои табиӣ фавқулодда осебпазир мебошад, ки бо харобшавии муҳити зист, тағйирпазириҳои иқлим шиддат ёфта, ба иқтисоди он таъсири ногувор мерасонанд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Назарзода Зарина зимни сухани ифтитоҳӣ чунин ибрози назар намуд: Масъалаи ҳамбастагии муҳоҷират, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мавзӯи доманадор аст. Раванди муҳоҷират ба муҳити зист бетаъсир буда наметавонад. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо истилоҳи муҳоҷирати экологӣ маъмул гаштааст.

Аз ин лиҳоз, омилҳои муҳити зист ва иқлим бо омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ пайвандии ногусастанӣ доранд. Давоми солҳои 2013-2016 Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо хадамоти муҳоҷират ва чанде аз ниҳодҳои давлатӣ дар якҷоягӣ бо Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ лоиҳаеро таҳти унвони “Муҳоҷират, интиқолҳои пулӣ, мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим дар минтақаҳои хушкӣ” амалӣ намуда буд, ки ба мақсади самаранок истифодабарии маблағҳои муҳоҷирон дар минтақаҳои хушкӣ нигаронида шуда буд.

Назарзода З. дар идомаи маърӯзаи худ қайд намуд, ки таҷрибаи бисёрсолаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ҳамкориҳои чандинсола бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба он далолат менамоянд, ки заминаи идоракунии экологиро дар Тоҷикистон бояд сиёсати иқтисодии самараноки давлатӣ ташкил намояд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти давлатӣ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим тадбирҳои судманд андешида, дар мадди аввал таваҷҷуҳи хешро барои идоракунии устувор дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, бахусус ҳифзи ҳавои атмосфера, истифодабарии оқилонаи замин, захираҳои об, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, тозагии маҳал ва амнияти экологии аҳолӣ равона намудааст.   

Дар хотимаи суханрониаш муовини Раиси Кумита изҳори умедворӣ намуд, ки дар муҳокимаи лоиҳаи “Тафоҳуми ҳамбастагии муҳоҷират, тағйирёбии иқлим, гендер ва кишоварзӣ” иштирокчиён фаъолона иштирок намуда, барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ аз тарафи онҳо таклифу иловаҳои мушаххас пешниҳод мегардад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ Мирзодавлат Сабурзода зимни суханронии ифтитоҳиаш вобаста ба мавзӯи баррасишаванда иброз намуд, ки “аз тарафи Парлумони кишвар бо мақсади мусоидат ба муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷират” соли 2018 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, статуси муҳоҷирон, субъектҳои муҳоҷират, ки ҳамчун муҳоҷири хориҷӣ ва ё реэмигрантҳо эътироф карда намешаванд, мушаххас гардонида шуданд. Дар кишвар қабул ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва ҷалби маблағҳои институтҳои молиявии байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъи муҳоҷират анҷом дода мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, барои беҳтар кардани фазои ҳуқуқӣ дар танзими муҳоҷират, гендер, тағйирёбии иқлим ва кишоварзӣ мусоидат менамоянд.”

            Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои зиёд муҳоҷират барои одамони зиёде ба стратегияи мутобиқшавӣ табдил ёфтааст, чунки даҳҳо ҳазор нафар, асосан мардон, дар кишварҳои ҳамсоя ва берун аз қаламрави онҳо кор меҷӯянд. Чунин вазъият занонро ба рафъи мушкилоти нав, аз ҷумла пайомадҳои нохуши офатҳои табиие, мисли хушксоливу обхезиҳои рӯзафзун дар хонаводаҳову ҷамоатҳояшон вомегузорад.

            Зимни суханронӣ Роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон Кристина Транка чунин зикр сохт: “Сухан на танҳо дар бораи ҳифзи муҳити зист меравад. Мо бояд ба кумаки техникӣ ба занони танҳогузошташуда таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Ин метавонад расонидани маълумоти махсус оид ба хидматрасониҳои молиявӣ ва фаъолиятҳо дар самти тағйири иқлим, такмил додани фарогирии молиявӣ дар миёни занон, таҳия намудани давраи омӯзишие, ки ба ҷанбаҳои гендерӣ равона шудааст ва хидматрасониҳои паҳнсозии дониш бошад – ки хонаводаҳоро ба идора кардани хавфҳои хушксолӣ, обхезиҳо ва офатҳои дигар беҳтар омода хоҳанд намуд”.

            Ин ташаббуси нав ба таъмини воридсозии масъалаҳои муҳоҷират ба сиёсатҳову барномаҳои соҳавии тағйирёбии иқлим ва баръакс, инчунин арзёбӣ кардани самаранокии мудохилаҳои эҷоди зарфият барои занони таркшуда бо мақсади мусоидат намудан ба мутобиқшавии хонаводаҳои гирандаи маблағҳои интиқолӣ равона шудааст. Барномаи дусола аз ҷониби Бунёди рушди СБМ дар ҳаҷми 200 000 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст.

            “Мо зарурати фаъолсозии талошҳои миллӣ, минтақавӣ ва байнулмилалиро барои ҳалли масъалаҳову имкониятҳое эътироф менамоем, ки бо муҳоҷирати одамон алоқаманд буда, дар натиҷаи таъсири таконҳову фишорҳои экологӣ ба вуҷуд меоянд.

Дар чорчӯбаи лоиҳаи худ мо дар кори стратегӣ ва тарғибот, таҳқиқот, эҷоди зарфият ва фаъолиятҳои амалиётии соҳаи мазкур якҷоя бо Ҳукумати Тоҷикистон, шарикони байналмилалӣ ва агентиҳои миллӣ иштирок хоҳем кард” гуфт дар поёни суҳбаташ хонум Транка.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш аз ду қисм иборат буда, гурӯҳи коршиносон дар қисми аввал доир ба Мушкилот саволҳои “Миқёсбандӣ дар пасманзари масъалаҳои муҳоҷират, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон: Масъалаҳо кадомҳоянд”? ва “Кадом имкониятҳо вуҷуд доранд?” масъалагузорӣ намуданд.

Дар қисми дуюм доир ба Чорасозиҳо саволҳои “Кадом тадбирҳоро метавон андешид”?, “Ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, умуман ҷомеаи Тоҷикистон чӣ корро бояд анҷом диҳанд”?, “Тоҷикистон чӣ гуна ба талошҳои байналмилалӣ барои таъмини  устуворӣ ба тағйирёбии иқлим метавонад  бипайвандад”? мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифт.

Ҷамолиддин Якубов, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед