Тайи вақтҳои охир ба технологияҳои “сабз”, ки тавассути нерӯи офтоб истеҳсоли нерӯи барқ, гарм кардани об барои шустушӯ ва тайёр кардани хӯроки гарм имкон дорад, дар бисёр кишварҳо таваҷҷуҳ ба он зиёд шудааст. Бо назардошти эълон гаштани Солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, масъулони «Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон» бо дастгирии сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 2020 барои амалӣ намудани лоиҳаи «Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об тавассути энергияи барқароршаванда» оғоз карданд. Дар доираи амалӣ кардани лоиҳа давоми соли 2020 дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар маҷмӯи таҷҳизоти офтобӣ насб гардид. Гурӯҳи 10 нафараи хабарнигорони тоҷик барои аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо кори таҷҳизотҳои офтобӣ рӯзҳои 18-19 июн дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон қарор доштанд.
18 июн, соат 14: 23 дақиқа- Деҳаи Рузвайи н. Дарвоз
Гуруҳи хабарнигорон нахуст аз маркази хизматрасонӣ (ошхона ва меҳмонхона)-и деҳаи Рузвайи н. Дарвоз воқеъ дар масофаи 367 километрии шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ боздид ба амал оварданд. Дар ин макон 4 адад батареяи офтобӣ бо иқтидори 1 кВт, обгармкунаки офтобӣ бо ғунҷоиши 200 литр ва “ошхона”-и офтобӣ соли 2020 насб шудааст.
То ҳозир шудани масъулини меҳмонхона аз директори «Ассотсиатсияи захираҳои барқароршавандаи Тоҷикистон» Диловар Маъмуров пурсон шуданд, ки дар фасли зимистон таҷҳизотҳои офтобӣ чӣ гуна кор мекунанд? Бино ба посухи Маъмуров Д. таҷҳизотҳои офтобӣ бидуни пайваст будан ба шабакаи барқӣ (Офгрид) энергия истеҳсол менамояд. Дар сурати мавҷуд будани офтоб ҳатто ҳангоми то 10 дараҷа хунукии ҳаво таҷҳизоти офтобӣ имкони то 60 дараҷа гарм кардани обро дорад. Кафолати таҷҳизотҳо 1 сол аст.
Тавре аз суҳбати сарошпази ошхона Қаландарова Олима бармеояд, то соли 2020 дар фасли зимистон бинобар сабаби норасоии барқ мушкилоти зиёд мавҷуд буд.
— Баъд аз насби таҷҳизотҳои офтобӣ корхонаи мо аз норасоии барқ ва оби гарм танқисӣ накашидааст. Лампаҳои гирду атрофи меҳмонхона шабона аз ҳисоби захира кардани нерӯи офтоб чароғон карда мешавад. Дар фасли зимистон ҳангоми маҳдудияти барқ мардуми деҳоти атроф ва роҳгузарон барои заряд додани телефонҳояшон ба мо муроҷиат мекарданд.
Ошхонаи офтобиро мо барои чойҷӯшонӣ ва тухмпазӣ истифода мебарем. Масалан, барои ҷӯшонидани 2 литр об дар ошхонаи офтобӣ аз 5 то 10 дақиқа лозим мешавад. Дар фасли зимистон, ки бештари вақт маҳдудияти барқ ба назар мерасад, мизоҷон бо ҳайрат мепурсанд, ки оби гарм дар ҳаммом аз куҷост? Мегӯем, ки ин обгармкунаки офтобӣ. Мардум ба ин гуна таҷҳизот хеле таваҷҷуҳ мекардагӣ шудаанд.
Мизоҷони ошхонаи мо аксаран ронандагони мошинҳои боркаш – КАМАЗ ҳастанд. Пас аз роҳи дароз онҳо хаста шуда, бо оби гарм шустушӯ карда, сипас ин ҷо хӯрок тановул мекунанд.
“Хонаи шикорчӣ” дар деҳаи Яхчи мобайн
Дар деҳаи Яхчи мобайн бинои маъмурии ҶДММ “Сайёд” ҷойгир шудааст. Масъулони ширкат яке аз вазифаҳои худро дар муҳофизат ва афзоиши ҳайвони хеле нодир — морхур арзёбӣ мекунанд. Дар оғӯши кӯҳҳо меҳмонхонаи дутабақа маъруф бо номи “Хонаи шикорчӣ ҷойгир шудааст, ки тавассути 4 адад панели офтобӣ шабона бо барқ равшан карда мешавад. Бояд гуфт, ки андозаи ҳар як панел 1,6 метри квадратӣ аст. Масоҳати умумии 4 панелҳо 6,4 метри квадратиро ишғол карда, дар маҷмуъ 1 кВт иқтидор дорад. То соли гузашта тавассути генераторҳои дизелӣ меҳмонхона равшан карда мешуд, ки садои гӯшхароши он ва аз тарафи дигар паҳн шудани дуд ба кайфияти меҳмонон халал ворид мекард.
Дар “хонаи шикорчӣ” низ тавассути обгармкунаки офтобӣ ҳаммом фаъол мебошад. Давлатхон Муллоёров, муассиси ҶДММ “Сайёд” зимни суҳбат гуфт, ки дар давоми 15 соли фаъолияти кориамон аввалин маротиба ба корхона чунин кумак расонида шуд. Баъди насби таҷҳизотҳои офтобӣ насб корамон хеле сабук шуд. Меҳмонхона ҳамеша бо барқ ва оби гарм таъмин аст. Ҳатто дар абрнок будани ҳаво низ таҷҳизотҳо хуб кор мекунанд.
Сайёҳоне, ки ба макони мо ташриф меоранд, аввалан аз шароити ин ҷо мепурсанд. Онҳо таваҷуҳ мекунанд, ки оё оби гарм ин ҷо ҳаст ё не?
Дар идомаи суҳбаташ акаи Давлатхон гуфт: Чанд сол пеш аз соҳибкоре, ки аз Хитой маҳсулот меовард, ба маблағи 1000 доллар панели офтобӣ харидорӣ намудем. Вақте шаб таҷҳизотро ба кор даровардем, баъди се соат аккамулятор ба сигналдиҳӣ сар карда, хомӯш шуд.
Панелҳои босифатро аз бесифат чӣ гуна метавон фарқ намуд?
Диловар Маъмуров ба ин суол чунин посух дод: — Ҳангоми аз бозор харидорӣ намудан бояд аз фурӯшанда пурсон шуд, ки барои дуруст фаъолият кардан чӣ қадар кафолат дода мешавад? Бисёр фурӯшандаҳо ҳамагӣ як ҳафта кафолат медиҳанд. Агар посух ҳамин гуна бошад, донед, ки маҳсулот пастсифат аст. Бояд ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ кард. Яъне агар муҳлати истифодабарии панелҳои офтобӣ дурудароз бошад, пс он маҳсулоти босифат аст. Аккамулятор, ки нерӯи барқро захира мекунад, аз 5 то 10 сол муҳлати истифодабарӣ дорад.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, МТМУ № 12, деҳаи Кишт, ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудов
Санаи 19 июн гуруҳи хабарнигорон ба муассисаи таълимии миёнаи умумии № 12-и н. Ш.Шоҳин ҳозир шуданд. Дар ин ҷо ҳам аз ҷониби “Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон» таҷҳизотҳои офтобӣ насб шудааст.
Директори МТМУ № 12, Одинаев Муродалӣ зимни суҳбат ба ӯ гуруҳи хабарнигорон чунин ибрози андеша намуд: -Боиси зикр аст, ки пас аз насби таҷҳизотҳои офтобӣ (батареяҳои офтобӣ ва обармкунаки офтобӣ) дар муассисаи таҳсилоти мо иштироки хонандаҳо дар дарсҳо бинобар сабаби бо барқ таъмин будан фаъол гашт. Дар деҳаи Кишт 142 хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда, 220 нафар хонандагон дар МТМУ № 12 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар гузашта аз сабаби набудани барқ компутерҳои мактаб кор намекарданд ва иштироки бачаҳо низ дар дарсҳо коҳиш ёфта буд. Ҳоло ҳамаи 9 адад компутери мавҷуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Аз синфи 5 сар карда бачаҳо дарсҳои компутерӣ мехонанд.
Ҳамчунин оби гарм, ки тавассути обгармкунаки офтобӣ тавлид мешавад, барои шустушӯи бадан баъд аз гузаронидани дарсҳои варзишӣ мусоидат менамояд. Яъне бачаҳо баъд аз дарси варзиш шустушӯ намуда, бо либосҳои тозаи мактабӣ боз ба дигар дарсҳояшон ҳозир мешаванд.
Гуфта метавонем, ки агар чунин таҷҳизотҳои офтобӣ, ки бо номи технологияи “сабз” маъруф аст, дар дигар муассисаҳои таълимии деҳот насб шаванд, сифати таълим низ хубу беҳ мегардад.
Бояд гуфт, ки чунин таҷҳизотҳои офтобӣ ба ҷуз аз мактаб як адад дар бунгоҳи тиббӣ ва се адади дигарро соҳибкорон дар хонаҳояшон насб кардаанд.
Ҳамин тариқ, аз дидаву шунидаҳо бармеояд, ки технологияи «сабз» ба зиндагии мардуми куҳистони Тоҷикистон ворид шуда, аз як тараф мушкилоти онҳоро осон гардонад, аз ҷониби дигар обуҳавои тозаро дар куҳистон ҳамеша поку озода нигоҳ медорад.
Ҷамолиддин Якубов, «Инсон ва табиат»