ТАҶҲИЗОТИ САНҶИШИ ВАЗЪИ ОЛУДАГИИ ҲАВО ДАР ҲУДУДИ САФОРАТИ ИМА ДАР Ш. ДУШАНБЕ БА КОР АНДОХТА ШУД

0
2909
боздид

20 июни соли ҷорӣ дар ҳудуди сафорати Амрико дар ш. Душанбе бо иштироки як қатор сафирони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти ш. Душанбе, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО таҷҳизоти муосири санҷиши вазъи олудагии ҳаво ба кор андохта шуд. Сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм
зимни суханрониаш дар назди даъватшудагон иброз дошт, ки ҳангоми кор кардани таҷҳизот нишондодҳои сифати ҳаво дар тамоми ҷаҳон ба таври онлайн ба ҳама дастрас хоҳад буд.

Бино ба гуфтаи сафири Амрико “ҳамасола дар Амрико 135 ҳазор нафар аз олудагии ҳаво мемиранд. Хисороти иқтисодӣ низ андак нест”. Сафир ҳамчунин афзуд, Департаменти давлатӣ тасмим гирифтааст, дар ҳамаи сафоратҳои ИМА дар хориҷа чунин таҷҳизоти санҷиши олудагии ҳаворо насб кунад. То имрӯз ин гуна таҷҳизот дар пойтахти Қазоқистону Туркманистон васл карда шудааст.   

Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон

Ҷон Поммершайм ҳамчунин зикр сохт, ки коршиносони Агентии ҳифзи муҳити зисти Амрико тасмим доранд дар ояндаи наздик ба шаҳри Душанбе омада, бо мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишвар ва шаҳрдорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист муколама анҷом диҳанд.

Қобили зикр аст, ки чунин таҷҳизоти муайянкунадаи вазъи олудагии ҳаворо коршиносон аз кишвари Финландия соли 2017 дар саҳни ҳавлии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда буданд.   

Дар ин замина мудири озмоишгоҳи Пажуҳишгоҳи физика ва техникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Сабур Абдуллоев ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки сохторҳои ҳифзи муҳити зисти кишвар барои санҷиши олудагии ҳаво дастгоҳи махсусе доранд, ки тавассути он метавон ҳатто мизони вуҷуди изотопҳо ва зарраҳои кимиёӣ дар таркиби ҳаворо муайян кард.

Бино ба гуфтаи С. Абдуллоев, дар қисмати шарқии пойтахт чунин таҷҳизоти санҷиши олудагии ҳаво насб гардидааст. Сафорати Амрико дар қисмати ғарбии шаҳр чунин таҷҳизотро насб намуд. Барои фаҳмидани чангнокӣ ва олудагии ҳаво сомонаи махсус барои расонидани иттилоъ лозим аст.
Дигар коршиноси соҳаи муҳити зист Умархон Мадвалиев дар мусоҳиба ба радиои Озоди гуфт, ки «олудагии ҳаво дар атрофи сафорати Амрико дар муқоиса бо қисматҳои дигари шаҳр ба таври куллӣ фарқ мекунад. Бинои сафорат дар назди шоҳроҳи мошингард қарор дорад. Агар дар бораи олудагии ҳавои ш. Душанбе иттилои пурра доштан хоҳем, пас зарур аст, ки чунин таҷҳизот дар гирду атрофи мухталифи шаҳр насб карда шавад».

“Инсон ва табиат»

 


Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед