ТАВАҶҶУҲ!!!

0
597
боздид

Ба диққати намояндагони васоити ахбори омма расонида мешавад, ки дар доираи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст маҳфили экожурналистонро таъсис намояд.

Ҳадафи таъсис додани маҳфили экожурналистон баланд бардоштани маҷмӯи донишҳои экологии намояндагони васоити ахбори омма нисбати инъикоси масъалаҳои экология ва соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Танҳо дар сурати инъикоси воқеъбинонаи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ба баланд гаштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ноил шудан мумкин аст.

Дар доираи маҳфили экожурналистон моҳе як маротиба дарсҳои омӯзишӣ вобаста ба бахшҳои мухталифи ҳифзи муҳити зист гузаронида хоҳад шуд.

Аз намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва журналистони мустақил даъват ба амал оварда мешавад, ки то 1 майи соли 2021 барои номнавис кардан ба маҳфили экожурналистон ба суроғаи зер муроҷиат намоед.

 Email: tilloevag@gmail.com 

  Тел: 2354430

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед