ТАВАҚҚУФГОҲИ ДУЧАРХАҲО ДАР НАЗДИ БИНОИ КУМИТА

0
338
боздид

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ҳифзи муҳити зист, ба вижа коҳиш додани партовҳои сӯзишвории нақлиёт ба ҳавои атмосфера иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намуд. Дар назди бинои Дастгоҳи марказии Кумита бо гузоштани якчанд адад дучарха таваққуфгоҳи дучархаҳо ташкил карда шуд.

Мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист бар он назаранд, ки дар бисёр давлатҳои дунё одамон бо мақсади ҳифзи саломатии худ, саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи буҷаи оилавӣ ҳангоми равуо ба ҷои кор ва ҳатто дар вақти сайругашт аз дучархаҳо ба таври васеъ истифода менамоянд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз чунин иқдом, дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ корхонаҳои истеҳсоли велосипедҳои ватанӣ ба роҳ мона шудааст. Ҳамзамон бо назардошти инфрасохтори роҳсозии замони муосир аз ҷониби масъулин барои дучархаронҳо хатсайри роҳи бехатар ба инобат гирифта шуда истодааст.

Сохтани чунин таваққуфгоҳҳои дучархаҳо дар назди биноҳои маъмурӣ имкон медиҳад, ки кормандон ҳангоми баромадани кори хизматӣ дар дохили шаҳр аз он истифода намоянд.

http://tajnature.tj/ 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед