ТЕХНОЛОГИЯИ ПАРВАРИШИ ТАМАШК (МАЛИНА)-RUBUS

0
634
боздид

Тамашк ба оилаи буттагулҳо, гуруҳи растаниҳои баргрези мевадиҳанда дохил мешавад. Ба таври худрӯй дар Тоҷикистон намерӯяд. Бори аввал ин намуди растаниро ба Тоҷикистон соли 1935 аз институти Умумииттифоқии растанипарвариии  шаҳри Павловскийи Федератсияи Россия оварда, дар ниҳолхонаи шаҳри Душанбе парвариши онро санҷиданд.

Соли 1940 панҷ намуди тамашкро ба стансияи илмию таҷрибавии шаҳри Хуҷанд, соли 1950 ба стансияи илмию таҷрибавии назди кӯҳии Кондараи дараи Варзоб барои гузаронидани корҳои илмию таҷрибавӣ оварда парвариш кардаанд. Тадқиқотҳои илмӣ нишон дод, ки парвариши тамашкро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтикаҳои Осиёи Марказӣ ба таври васеъ инкишоф додан мумкин аст. Ба таври маданӣ бошад, дар боғҳо, боғистонҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ парвариш кардан имконпазир аст. Тамашк чун дигар растаниҳои хӯрданибоб дар истеҳсолоти саноатӣ парвариш карда намешавад. Решапояи тамашк нисбати дигар растаниҳои сершарбат сахт мебошад. Пояаш рост, навдаҳои яксолааш кабудча мебошанд.  Поя ва навдаҳояш бо мӯякчаҳои сафед рӯйпуш буда, хорча дорад. Баргҳои растанӣ пай дар пай ҷойгир буда, поёни барг сафедчатоб ва болои барг шуои ранги кабудчаи хира мебошад.

Тамашкро бо усулҳои тухмӣ, қаламча, решадавонӣ  парвариш менамоянд. Беҳтарин роҳи парвариши тамашк бо усули нашави (каламча) мебошад. Бартарии ин растанӣ нисбати дигар растаниҳои  буттамевагӣ дар он аст, ки онро дар ҳама фасли сол парвариш кардан мумкин аст. Дар фасли тобистон аз қаламчаи кабуд, дар фасли тирамоҳ ҳам бо қаламча, ҳам аз навдаи решадору бе реша парвариши тамашкро ба роҳ мондан мумкин аст. Дар аввали фасли тирамоҳ баъди катъ шудани сабзиши ниҳолҳо, яъне  ба охир расидани хазонрезии баргҳо қаламча ва ё навдаи решадору берешаро дар чуқурии 10-15см. бо қабати хок хобонида, болои хокро бо арамайда, боқимондаи хӯроки чорво, компост пӯшонида мешавад. Бо фаро расидани фасли баҳор ва 5-6ºС гарм шудани қабати хок, сабзиши растанӣ зина ба зина инкишоф меёбад. Ҳангоми интихоби замин пеш аз ҳама  ба иклим ва хок, инчунин низоми шамол низ таваҷҷуҳ бояд зоҳир намуд.

Тамашк нисбати дигар растаниҳои мевадиҳанда аз шиддати шамол ва дар фасли зимистон аз хунукии сахт нобуд мешавад. Ҳамаи ин унсурҳои табииро ба назар гирифта, интихоби шинонидани тамашк дар мавзее сурат мегирад, ки ба ҳама талаботҳои технологияи парвариш ҷавобгӯ бошад. Замини интихобшуда, серғизо ва аз элементхои калий (К) ва фосфор (Р), инчунин аз нуриҳои органикӣ бой ва аз ҳама муҳимаш хоки мавзеъ хокистарии регомез, намиаш муътадил, ковок ва хавогузар бошад.

Тамъ ва сифати меваи тамашк аз мавқеи чойгиршавиаш вобастагӣ дорад. Меваи тамашк аз шуои офтоб ҳар чӣ қадар зиёдтар баҳравар гардад, тамъи мевааш хушмаза, миқдори қанднокиаш зиёд ва аз витаминҳо бой мегардад. Инчунин хусусиятҳои фоиданокӣ ва муолиҷавии  он боло меравад.

Дар вақти шинонидани ниҳоли тамашк албатта тарафи шимолу ҷануби мавзеъро ба назар гирифтан лозим аст. Барои шинонидани ниҳолҳои тамашк яклухт шудгор  кардани замин зарурият надорад.

Тайёр намудани замин  барои шинондани ниҳолҳо аз нақша, андозаи замин ва шумораи ниҳолҳо вобастагӣ дорад. Дар бисёр мавридҳо заминро барои шинондани тамашк ба таври қаторӣ тайёр мекунанд. Масофаи байни ниҳолҳо 2 х 0,5 метр, 2 х 0,7 метр, 2 х 1 метр ва аз рӯи накшаи ҷойгиршавии ниҳолҳо дар 1га аз 5000 то 10000  бехро ташкил   медиҳад.

Андозаи чуқурӣ ва қутри шинонидани ниҳолҳо на кам 40х40 см бояд бошад, то ки барои решадавонӣ мусоидат намояд. Ба технологияи шинонидани  ниҳолҳо риоя бояд намуд, то гарданаки болои реша дар зери хок паноҳ  бошад, намнокии муътадили хокро низ таъмин бояд намуд .

Ба мақсади  таъмин намудани сабзиши ниҳолҳо, эмин нигоҳ доштан аз алафҳои бегона ва нигоҳ доштани намнокии хок, атрофи хоки ниҳолҳоро бо патовҳо, арамайда , коҳ, боқимондаи хӯроки чорво рӯйпуш (мулчирования) карда мешавад.

Барои шинонидани тамашк ниҳолро ба шинонидан тайёр намудан лозим аст. Навдаҳои хушкшудаи нодаркори иловагӣ аз  кабати  реша 30-40см  боло монда, бо қайчии дарахтбурӣ кӯтоҳ карда, ба тартиб дароварда мешавад.

Навдаҳои нодаркор ва хушкшударо бурида, илова бар ин дар замин  хандақ канда, дар дохили хандак ба андозаи се бел хок, як бел ахлоти тозаи чорвои калони шохдорро бо об суст намуда, моеъи пору- обу хок тайёр  карда мешавад. Сипас ниҳолҳоро дохили хандак монда, решаи онҳоро  барои ғизо дар муддати якчанд вақт ба дохили моеи пору- обу хок мегузоранд, ки тамоми решаҳо аз ин моеи ғизонок баҳра гиранду барои афзоиш ёфтан мусоидат намоянд.

       «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед