
АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «МЕСАЗАД, КИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ МУТАРАҚҚӢ ВА ПЕШРАФТА ДАР ЯК РАДИФ ИСТАД»
Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.
Рӯзҳои 14 -16 майи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Месазад, ки Тоҷикистон бо кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта дар як радиф истад. Ин андешаро Александр Лукашенко дар музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 майи соли 2018 баён кард, хабар медиҳад Агентии иттилоотии Беларус «БелТА».
Роҳбари кишвари Беларус дар навбати аввал ба Президенти Тоҷикистон барои даъват ба Душанбе, «ба ин кишвари меҳнатқарин, ба назди ин мардуми зебосиришту зебосират» изҳори миннатдорӣ намуд.
«Мо ба рушди Тоҷикистон ҳамеша бо таваҷҷуҳ менигарем. Ман, алалхусус аз суръате, ки кишвари Шумо пеш меравад шод ҳастам, – суханони Александр Лукашенкоро иқтибос меорад АИ «БелТА». – Ман ҳамеша бо қаноатмандӣ мушоҳида менамоям, ки аз рӯи суръати рушд Шумо бар Ҷумҳурии Мардумии Чин бартарият доред. Ин сазовори аҳсант аст».
Сарвари давлати Буларус таъкид сохт, ки дигаргуниҳоро дар пойтахти Тоҷикистон бо як назар метавон дид.
«Ман инро ҳатто шабона вақти инҷо расиданам, дидам. Ва имрӯз ба ман бори дигар собит шуд, ки Шумо роҳи дурустро интихоб кардаед. Бовар намоед, мо аз барои Шумо шодем. Шахсан, ман бисёр мехоҳам, ки Тоҷикистон бо кишварҳои мутараққӣ ва пешрафта дар як радиф истад, зеро халқи қадима ва бузурги он ба ин сазовор аст. Ба хотири ин Шумо корҳои зиёдеро анҷом додаед. Ҳадафи омадани ман таҳким бахшидан ба робитаҳоямон мебошад», – зам намуд Президенти Ҷумҳурии Беларус.
Аз рӯзи нахустини сафари расмӣ ба Тоҷикистон Александр Лукашенко бо эҳсоси баланд дар бораи ба табиати зебои Тоҷикистон ва таъомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз дошт ва ҳамин буд, ки бо ҳамроҳии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрор, боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баҳори пурнакҳату пуртароват тамошо карданд.
Ба меҳмони олиқадр намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун намоиш дода шуд, ки писанди онҳо гардид.
Ҳамзамон роҳбари Беларус таваҷҷуҳро ба масъалаи тадбиқи муваффақонаи нияти дар Душанбе баргузор намудани бизнес-форумро на танҳо бо ширкати соҳибкорон аз Беларус ва Тоҷикистон, балки аз кишварҳои дигари минтақа низ ҷалб сохт.
«Мо ҳамсояҳоро ба Тоҷикистон мехонем ва имкониятҳои хешро нишон медиҳем. Якҷо бо Шумо ҷониби кишварҳои дигар ҳаракат мекунем ва ба робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ривоҷ мебахшем», – гуфт Александр Лукашенко.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ Беларусро яке аз шарикони муҳимтарин ва боэътимодтарин номид. «Мо сафари расмии Шуморо баланд арзёбӣ мекунем. Итминони комил дорам, ки натиҷаҳои он ба муносибатҳои зичи дӯстона ва ҳамкории мутақобилаи мо такони нав мебахшанд», – изҳор намуд ӯ.
Инсон ва табиат