Турна қатор меояд…

0
1471
боздид
Турна ба гуруҳи парандаҳои муҳоҷир дохил мешавад.

Турна қатор меояд…

          Турна ба гуруҳи парандаҳои муҳоҷир дохил мешавад.  Рӯзи 19 феврал дар фазои абрноки Душанбешаҳр қатори турнаҳо, ки аз самти ғарби кишвар ба шарқ паст парвоз мекарданд, ба мушоҳида гирифта шуд. Аз рӯи боварҳои мардумӣ агар қатори турнаҳо дар фасли баҳор паст парвоз намояд, нишона аз сериву пурӣ ва гарм омадани сол аст. 

Дар ин бора Нуралӣ Раҳимов, мутахассиси парандашинос чунин мегӯяд:

— Азбаски имсол ҳаво гарм омад, турнаҳо аз маконҳои гарм – Ҳиндустон, ва қитъаи Африка, ки ҷойҳои зимистонгузаронашон аст, ба самти шимол, яъне тундра парвоз карда мераванд.

Мусоҳиби мо ба саволи он, ки турнаҳо вақти тобистонгузарониашон кадом минтақа маҳсуб меёбад ва оё дар Тоҷикистон макони зист ихтиёр мекунанд ё не?- чунин посух дод:

— Турнаҳо асосан дар маконҳои васеъ, дашту киштзорҳое, ки дар лаби дарёҳои бузург ва кӯлҳо ҷойгиранд, макони зист ихтиёр мекунанд. Аз ҳама макони ҷанубӣ барои тобистонгузаронии турнаҳо Қазоқистони шимолӣ ба ҳисоб меравад. Аксари турнаҳо села-села вақт баҳорон ба қисми шимолии Русия — Укёнуси шимолӣ паҳн мешаванд. Турнаҳо баъди парвоз карда омаданашон ба ҷойҳои тобистонгузаронӣ, бо мақсади наслгузорӣ ба ҷуфтҳо тақсим мешаванд. Чӯҷаҳояшонро то болиғ шудан худи ҷуфтҳо нигоҳубин мекунанд. Пас аз парончак шудани чӯҷаҳо ҳангоми парвоз аз макони тобистона ба ҷойҳои зимистонгузаронӣ боз турнаҳо ба гуруҳҳо ҷудо  мешаванд.

Олимони орнитолог ба он андеша ҳастанд, ки то давраи яхбандӣ ватани парандаҳо ва бисёр дигар ҳайвонот қутби шимол будааст. Дар оғози давраи яхбандӣ як қисми ҳайвонот нобуд мешаванд, як гуруҳ ба хунукиҳо мутобиқ  мегарданд ва гуруҳи дигар кӯч мебанданд. Бинобар он парандаҳои муҳоҷир вақти баҳорон бо мақсади тобистонгузаронӣ ба қутби шимол, ки  ватани аслиашон аст, парвоз мекунанд.

               Ҷамолиддин Ёқубӣ, «Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед