ВАЗЪИ  ЭКОЛОГИИ  ВИЛОЯТИ СУҒД

0
295
боздид
Шаҳри Хуҷанд

Вазъи экологии вилояти Суғд 

Вилояти Суғд бо табиати нотакрор, манбаҳои сершумори обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, кӯҳҳои арчазор ва чашмаҳои шифобахш   чун ҷузъи хосаи муҳити зисти кишвар маҳсуб меёбад.

Мавҷудияти шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ, пешбурди соҳаи кишоварзӣ бо усули интенсивӣ, зичии баланди аҳолӣ дар маҳалҳо, фаъолияти корхонаҳои бузурги коркарди маъдани куҳӣ ва дигар омилҳо дар шароити вилояти Суғд сабабгори асосии таъсиррасонӣ ба табиат мебошанд. Ин ҳолат боиси ташаннуҷи антропогенӣ ба муҳити зист гаштааст ва танҳо фаъолияти пурсамари мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо табақаҳои гуногуни ҷомеа метавонад кишварро аз хатари бӯҳронҳои экологӣ эмин нигаҳ дорад.

Алҳол падидаҳои аввалини мубориза бар зидди омилҳои биёбоншавии захираҳои замин, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, рӯйпӯш намудани сатҳи болоии партовгоҳҳои радиатсионӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи қабати озонии ҳавои атмосфера, гуногунии биологӣ, ҳифзи намояндагони олами наботот ва ҳайвоноти ба китоби Сурхи Тоҷикистон воридгардида, мусоидат ҷиҳати зиёд намудани захираҳои моҳӣ дар ҳавзаҳои обӣ ва воридоти навъҳои нави моҳӣ, ҷорӣ гардонидани агротехникаи аз ҷиҳати экологӣ пасттаъсири парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва ғайра заминаҳои боэътимоди пешгирии сарзании бӯҳрон ва офатҳои экологӣ дар миқёси вилоят шуда истодаанд.

Мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳанӯз дар охирҳои соли 1988 дар за- минаи сохтори Бозрасии ҳавзавии дарёи Сири идораи хоҷагии оби вилояти собиқ Ленинобод (Суғди кунунӣ) таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз намудааст. Мебояд қайд кард, ки ҳайати кормандони Бозрасӣ асосан аз мутахассисони соҳаи обёрӣ, яъне муҳандисони об таркиб ёфта сохтори навтаъсиси ҳифзи табиат ба мутахассисони соҳаи ҳифзи захираҳои замин, муомилот бо партовҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ эҳтиёҷ дошт.

Давоми солҳои 1996-2004-ум роҳбарони сохтор бо кӯмаки мақомоти болоии худ санадҳои гуногуни меъёрӣ- ҳуқуқиро омода намуда ва дармақомотҳои дахлдор ба расмият дароварданд, ки барои пешравии кор такони ҷиддӣ бахшид. Хусусан, ҷорӣ гаштани ҳисоботҳои омории шаклҳои 2ТП (ҳаво) ва 2ТП (об), омода шудани Дастурамалҳои ҳисоби зарар барои ифлосшавии об, харобшавии замин, заҳролудкунии ҳавои атмосфера, дастури методии ҳисоби пардохти ҳатмӣ барои истифодабарии табиат, дастурамалҳои соҳаи ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, ҳуҷҷатҳои дигари меъёрӣ имкон фароҳам оварданд, ки фаъолият беҳтар карда шаванд.

Зарурати бинои маъмурӣ ва омода кардани шароити хуби кори кормандони сохтори вилоятии ҳифзи табиат ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо роҳбарияти Кумитаро водор намуд, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала кӯшиш намоянд. Дар натиҷа соли 2000-ум Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд соҳиби бинои замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо техникаву таҷҳизотҳои муосир гардид. Баъдан соли 2001 ва 2004-ум бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Спитамен ва Ҷ.Расулов ба бинои маъмурии худ соҳиб шуданд. Ин раванд бо сабабҳои гуногун давоми солҳои 2005-2015 аз мадди назари маъмурият барканор монда буд ва танҳо соли 2016-ум бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ ва шаҳри  Панҷакент, соли 2017 биноҳои маъмурии бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Ашт ва Мастчоҳ ба истифода дода шуданд. Ин раванд дар шаҳрҳои Истаравшану Бӯстон ва ноҳияи Шаҳристон идома дорад.

Бо иқдоми Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода Маркази бозомӯзии вилоятии кормандон дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ гардид. Омода намудани шароити мусоиди корӣ, эътибори хоса ба интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва бозомӯзии ҳайати мутахассисон, назорати маъмурии фаъолияти ҳаррӯза ва таваҷҷуҳ ба ҳалли муаммоҳои корӣ, оилавӣ ва ғайра имкон доданд, ки давоми даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ ноил гардад.

Бо дахолати мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои обу ташноб шабакаҳои обтаъминкуниҳоро азнавсозӣ намуданд, ки боиси беҳтаршавии таъминот бо оби ошомидонии сифатнок гардид. Алҳол, аҳолии шаҳри Хуҷанд, ки оби нӯшокии дуруштнокиаш баландро истеъмол мекарданд, баъд аз татбиқи Лоиҳаи интиқоли оби сойи Хоҷабоқирғон ба шаҳри Хуҷанд онҳо бо оби тозаи босифат таъмин карда шуданд. Чунин, чорабиниҳои беҳтар кардани сифати оби нӯшокӣ дар шаҳрҳои Конибодом ва Истиқлол низ амалӣ шудааст.

Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сатҳи партовгоҳҳои радиатсионӣ воқеъ дар мавзеи Деҳмойи ноҳияи Б. Ғафуров дар масоҳати 11 га бо ғафсии аз 0,5 то 1 метр рӯйпӯш карда шуда, самти афканишоти радиатсия ба меъёрҳои санитарӣ-экологӣ мувофиқ гардонида шуд. Гузаронидани мунтазами аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» боиси тоза гаштани соҳилҳои манбаҳои обӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳо гардид. Бар замми он, соҳили чапи дарёи Сир дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба дарозии 1,3 км аз лойқа ва растаниҳои худрӯй тоза карда шуд. Минбаъд ин корҳо то ба иҷрои пурра идома меёбанд.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед