ВАЗЪИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Сайёҳии экологӣ яке аз намудҳои туризми табиӣ ба шумор меравад, ки ҳадафи асосии он маърифатнок кунонидани сайёҳон тавассути расондани таъсироти максималӣ ба комплексҳои табиӣ мебошад. Асоси туризми экологиро ҳимояи муҳити атроф ташкил медиҳад. Дар навбати аввал ташкили сайёҳат бо теъдоди ками иштирокчиён ба минтақаҳои табиӣ ва бо зиёрати маконҳое, ки дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ҳастанд, бо мақсади амалӣ намудани барномаҳои муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи тавсифи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Туристӣ: «туризми экологӣ – ин сайёхати эҳтиёткорона ва пурмасъул ба минтақаҳои табиӣ, ки он ҷо ҳифзи муҳити атроф дар назар дошта шуда, эҳтироми мардуми маҳаллӣ бояд ҷо дошта бошад, ташкил карда мешавад».
Яке аз омилҳои пайдоиш ва ташаккулёбии туризми экологӣ вобаста ба хусусияти оммавӣ пайдо кардани туризм, зиёд шудани сарбории антропогенӣ бо захираҳои табиӣ ва фарҳангию таърихӣ мебошад.
Туризми экологӣ аз доираи васеи сайру саёҳатҳо ва хатсайрҳои маърифатӣ-таълимӣ барои мактабиён шуруъ шуда, то хатсайрҳои мунтазами туристиро ба боғҳои миллӣ ва мамнуъгоҳҳо дарбар мегирад. Дар шароити муосир якчанд намудҳои туризми экологӣ маъмул аст. Яке аз намудҳои туризми экологӣ саёҳат ба минтақаҳо ва мавзеҳои табиӣ мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Тоҷикистон бо табиати дилфиребу қуллаҳои осмонбӯс, дарёҳои хурӯшону обҳои мусаффои чашмаҳои дармонбахшаш аз назари сайёҳон пинҳон намемонад ва ин омилҳо имкон медиҳанд, ки сайёҳии экологӣ рушд дода шавад. Табиати Точикистон ғайриодӣ буда, ба сайёҳон дар як вақт метавон ду фасл – зимистону тобистонро пешниҳод кард.
Дар Тоҷикистон имкони мушоҳидаи иқлим ва табиати мухталиф вуҷуд дорад, ки танҳо хоси кишвари мост. Сайёҳон имкон доранд, ки дар як рӯз аз гармии тафсони водии Вахш ба хунукии арктикии барфҳои доимии Помир ворид гардида, ҳам аз табиати зебои водӣ, ҳам аз манзараҳои дилнишини доманакуҳҳо ва ҳам аз қуллаҳои барфпӯши иқлими кӯҳистон баҳравар бошанд.
Сайёҳии экологӣ фазои беғубори берун аз шаҳрро дарбар мегирад, ки 22 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро Боғи миллӣ ташкил медиҳад.
Дар пойгоҳи мамнуъгоҳҳои «Зоркӯл», «Ромит», «Бешаи палангог», Дашти Ҷум ва Боғи миллии Тоҷикистон табиати бикр маҳфуз аст. Навъҳои нодири растанӣ ва бахусус ҳайвоноте, ки ба Китоби сурх ворид гардидааст, аз қабили Бузи морхур, Архари куҳӣ машҳур бо номи Марко Поло, Меши бухороии Уриал, Оҳуи бухороӣ, бабри барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ, уқоби куҳӣ, ғози ҳиндӣ дар ин мамнуъгоҳҳо маҳфуз буда, аз ҷониби давлат таҳти ҳимоя қарор доранд.
Ҷиҳати рушди туризми шикор ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ барои солҳои 2017- 2018 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул гардид. Бо ин мақсад аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои шикори 85 сар гӯсфанди куҳии Марко-Поло, 3 сар гӯсфанди куҳии бухороӣ (Уриал), 12 сар бузи пармашох (Морхур) ва 60 сар бузи куҳии Сибирӣ квота ҷудо гардид. Аз моҳи сентябри соли 2017 то ба имрӯз ба ҷумҳурӣ 150 сайёҳони хориҷӣ бо мақсади туризми шикор муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 54 нафарашон шаҳрвандони ИМА, 8 нафар — Русия, 4 нафар — Мексика, 3 нафар — Италия, боқимондаҳо шаҳрвандони Олмон, Чили, Норвегия, Канада, Қазоқистон, Белгия, Эрон ва як қатор дигар кишварҳои хориҷӣ мебошанд.
Чанде пеш ҷиҳати муайян кардани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ аз тарафи мутахассисони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ, инчунин олимони Академияи илмҳо ва коршиносони ташкилотҳои хориҷӣ мониторинг гузаронида шуд. Аз натиҷаи мониторинг маълум гардид, ки захираи гӯсфанди куҳии Марко-Поло ва бузи пармашох (Морхур) барои анҷом додани шикор кифоят аст. Дар асоси тавсияи олимони Академияи илмҳои ҶТ имкони то 100 сар гирифтани гӯсфанди куҳии Марко Поло ва 12 сар бузи куҳии пармашох аз табиат мавҷуд буда, дар сурати шикор кардани ҳайвоноти номбаршуда, бо ин рақамҳо ягон зарар ба популятсияи ин ҳайвонот намерасонад.
Айни замон мутахассисони Кумита дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор барои муайян намудани саршумори ҳайвоноти нодири Марко-Поло, Морхур, Уриал ва бузи куҳии Сибирӣ дар ареали зисташон монито- ринг гузаронида истодаанд. Баъд аз пешниҳод шудани маводҳо ва муайян кардани саршумори ҳайвоноти нодир аз тарафи Академияи илмҳои ҶТ тавсиянома барои гирифтани шумораи ҳайвоноти нодир аз табиат ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Қобили зикр аст, ки аз тарафи Ассотсиатсияи шикорчиёни ҷумҳурӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, ширкатҳои ватание, ки ба туризми шикор машғуланд, барои қабули шикорчиёни чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ меҳмонхонаҳои ба талаботи замона мувофиқ сохта истодаанд. Дар ҳудуди ВМКБ ширкатҳои сайёҳӣ — шикории «Барс», «Бадахшон», ҶДММ «Мурғоб», дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҶДММ «Сайёд» тибқи ҳама талаботҳои зарурӣ хонаи шикорчӣ сохтаанд. Барои шикор фақат ҳайвоноте иҷозат дода мешаванд, ки синнашон аз 7-8 сола боло аст. Ҳайвоноти синнашон аз 7 сола болоро ҳолдонҳо тавассути дурбинҳои махсус аз рӯи якчанд нишонаҳо, бузург будани шохҳо ва суръати ҳаракаташон муайян мекунанд. Чизи дигар ин ки, шикорчиёни хориҷӣ майл ба ҳайвоноти шохашон майда надоранд. Дар ҷараёни шикор намояндаи мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист иштирок намуда, назорат мебарад.
Аз наворҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пайдост, ки аксар сайҳони ба кишвари мо ташрифоварда сабаби асосии омаданашонро дар куҳсор будани Тоҷикистон баён мекунанд. Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки сол аз сол шумораи сайёҳон зиёд шуда истодаанд, вале ҳанӯз корҳое, ки барои ҷалби сайёҳон анҷом дода шавад, зиёд аст.
Туризмро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар як қатор чорабиниҳо барои рушди туризм доир карда шуд.
Қобили зикр аст, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис гардид. Аз рӯи маълумотҳои доштаамон шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон воридгашта дар соли 2017 зиёда аз 400 ҳазорро ташкил медиҳад. Ба нақша гирифта шудааст, ки шумораи сайёҳони ба кишвар воридшаванда дар як сол ба 1 миллион расонда шавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити таҳияи маводи туристии миллӣ дар заминаи ёдгориҳои нодири табиию таърихӣ ва хусусиятҳои рекреатсионии ҷумҳурӣ ва пешравии самараноки он ба бозори ҷаҳонии туристӣ, воридшавии бештари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон таъмин карда мешавад.