Вазъи туризми шикор дар Тоҷикистон

0
2482
боздид
Ҳамасола садҳо сайёҳони хориҷӣ бо мақсади туризми шикор ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Вазъи туризми шикор дар Тоҷикистон

Ҷиҳати рушди туризми шикор ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ барои солҳои 2017- 2018 аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор қабул гардид. Бо ин мақсад аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои шикори 85 сар гӯсфанди куҳии Марко-Поло, 3 сар гӯсфанди куҳии бухороӣ (Уриал), 12 сар бузи пармашох (Морхур) ва 60 сар бузи куҳии Сибирӣ квота ҷудо гардид. Аз моҳи сентябри соли 2017 то ба имрӯз ба ҷумҳурӣ 150 сайёҳони хориҷӣ бо мақсади туризми шикор муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 54 нафарашон шаҳрвандони ИМА, 8 нафар — Русия, 4 нафар — Мексика, 3 нафар — Италия, боқимондаҳо шаҳрвандони Олмон, Чили, Норвегия, Канада, Қазоқистон, Белгия, Эрон ва як қатор дигар кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Чанде пеш ҷиҳати муайян кардани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ аз тарафи мутахассисони Кумита дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомотҳои дахлдори давлатӣ, инчунин олимони Академияи илмҳо ва коршиносони ташкилотҳои хориҷӣ мониторинг гузаронида шуд. Аз натиҷаи мониторинг маълум гардид, ки захираи гӯсфанди куҳии Марко-Поло ва бузи пармашох (Морхур) барои анҷом додани шикор кифоят аст.

Дар асоси тавсияи олимони Академияи илмҳои ҶТ имкони то 100 сар гирифтани гӯсфанди куҳии Марко Поло ва 12 сар бузи куҳии пармашох аз табиат мавҷуд буда, дар сурати шикор кардани ҳайвоноти номбаршуда, бо ин рақамҳо ягон зарар ба популятсияи ин ҳайвонот намерасонад. Айни замон мутахассисони Кумита дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои дахлдор барои муайян намудани сар- шумори ҳайвоноти нодири Марко-Поло, Морхур, Уриал ва бузи куҳии Сибирӣ дар ареали зисташон мониторинг гузаронида истодаанд. Баъд аз пешниҳод шудани маводҳо ва муайян кардани саршумори ҳайвоноти нодир аз тарафи Академияи илмҳои ҶТ тавсиянома барои гириф- тани шумораи ҳайвоноти нодир аз табиат ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Қобили зикр аст, ки аз тарафи Ассотсиатсияи шикорчиёни ҷумҳурӣ, Агентии хоҷагии ҷангал, ширкатҳои ватание, ки ба туризми шикор машғуланд, барои қабули шикорчиёни чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ меҳмонхонаҳои ба талаботи замона мувофиқ сохта истодаанд. Дар ҳудуди ВМКБ ширкатҳои сайёҳӣ — шикории «Барс», «Бадахшон», ҶДММ «Мурғоб», дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҶДММ «Сайёд» тибқи ҳама талаботҳои зарурӣ хонаи шикорчӣ сохтаанд. Барои шикор фақат ҳайвоноте иҷозат дода мешаванд, ки синнашон аз 7-8 сола боло аст. Ҳайвоноти синнашон аз 7 сола болоро ҳолдонҳо тавассути дурбинҳои махсус аз рӯи якчанд нишонаҳо, бузург будани шохҳо ва суръати ҳаракаташон муайян мекунанд. Чизи дигар ин ки, шикорчиёни хориҷӣ майл ба ҳайвоноти шохашон майда надоранд. Дар ҷараёни шикор намояндаи мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист иштирок намуда, назорат мебарад.

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед