Вохўрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (WFP)

0
1480
боздид

1 июли соли 2020 вохўрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (WFP) ҷаноби Алберто Коррейра Мендес баргузор гардид.

Дар рафти вохўрӣ масъалаҳо оид ба лоиҳаи  грантии “Ба вуҷуд овардани устувории ҷомеаҳои осебпазир аз нигоҳи озуқаворӣ ноамн ба пайомадҳои иқлимӣ аз тариқи тақвияти тавонмандӣ ва гуногунсозии воситаҳои рӯзгузаронӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз  маблағгузорӣ карда мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз анҷоми баррасии масъалаҳо миёни Кумита ва
Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (WFP) Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаи болозикр ба имзо расид.   

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита
Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон диққати Алберто Коррейра Мендесро ба таҳким бахшидани раванди ҳамкориҳо дар ҳалли мушкилотҳои мавҷудаи  соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар амалисозии лоиҳаҳо ҷалб намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Кумита дар амалигардонии самараноки  лоиҳаи болозикр ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад.

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед