Рӯзи 19 декабри соли равон дар конфронс-толори меҳмонхонаи “СЕРЕНА”-и ш. Душанбе вохӯрии ҳамоҳангсозии солонаи марказҳои Орхуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Пас аз сухани ифтитоҳии роҳбари Барномаҳои экологии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Муҳаббат Камарова дар назди роҳбарони марказҳои Орхуси Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина сухани шодбошӣ намуд.

Мавсуф зимни суханронӣ аз ҳамкории Дафтари САҲА бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар татбиқи лоиҳаҳои муҳитизистӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки «Дафтари Барномаи САҲА дар Тоҷикистон ба Кумита дар татбиқи лоиҳаҳои муҳитзистӣ, беҳдошти вазъи экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, мукаммалгардонии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҳамеша кӯмаки тавсиявӣ, техникӣ ва молиявӣ мерасонад».
Назарзода З. саҳми САҲА-ро дар сатҳи баланд гузаронидани Шӯрои чоруми байнидавлатии экологии ИДМ ва ташкил намудани Конференсияи миллӣ бахшида ба 30 солагии таъсисёбии мақомоти давлатии ҳифзи муҳити зист ва таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд намуд.
Қайд гардид, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба узвияти 10 конвенсияҳои байналмилалӣ пазируфта шудааст, ки яке аз онҳо Конвенсияи Орхус мебошад».
Бояд гуфт, ки баъди ҳамроҳ шудан ба Конвнсияи Орхус (соли 2002) бо дастгирии САҲА дар минтақаҳои гуногуни кишвар 7 адад марказҳои Орхус ташкил шуда, ҳам дар сатҳи давлатӣ ва ҳам дар сатҳи ҷамъиятӣ фаъолона кор бурда мешавад. Дар давоми ин солҳо оид ба се принсип ё самти Конвенсия – ҷамъоварӣ ва интишори иттилои экологӣ, иштироки аҳли ҷомеа дар таҳияи санадҳои стратегӣ ва мукаммалгардонии механизмҳои иштироки ҷомеа, ҳамкорӣ бо идораҳои системаи судӣ чорабиниҳои гуногун гузаронида шуд. Марказҳои Орхус ҳамзамон дар таҳияи ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ иштирок мекунанд.
Муовини Раиси Кумита Назарзода З. изҳори умед намуд, ки соли 2019 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба тибқи нақша Дафтари САҲА барои омода намудани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба ифлосшавии ҳавои атмосфера ва таҳияи Нақшаи Миллии Амал оид ба иҷроиши принсипҳои Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ин санадҳо барои такмил ёфтани фаъолияти мутахассисони соҳавӣ ва расидан ба натиҷаҳои чашмрас имкон фароҳам меорад.
Сипас, роҳбарони марказҳои Орхус дар Тоҷикистон доир ба фаъолияти яксола, чорабиниҳои баргузоркардаашон бобати иҷроиши принсипҳои конвенсия ва нақшаи баргузор кардани чорабиниҳояшон барои соли 2019 маълумот ироа намуданд. Аз тарафи иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои иштироки марказҳои Орхус доир ба пешниҳоди барномаҳои ҳазорсола дар соҳаи рушди устувор то соли 2030, пешбарии принсипҳои иқтисодиёти сабз ва истифодаи самараноки сарчашмаҳо дар сатҳи маҳал ба монанди идоракунии партовҳои хатарнок, андешидани чораҳо дар самти коҳиш додани офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фарҷом иштирокчиён масъалаи устувории марказҳои Орхусро тавассути пайдо кардани сарчашмаҳои молиявӣ ва техникӣ ба миён гузоштанд.
«Инсон ва табиат»