ВОХӮРИИ НАВБАТИИ РАИСИ КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ БО ДИРЕКТОРИ МИНТАҚАВИИ ФОНДИ ИҚЛИМИ САБЗ

0
127
боздид
www.tajnature.tj

Дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки аз 1 то 12 ноябр дар шаҳри Глазгои Шотландия баргузор гардида истодааст, санаи 2 ноябр вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Б. А. бо директори минтақавии Фонди иқлими сабз ҷаноби Па Оусман Чарчу баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои бо маблағгузории Фонди иқлими сабз дар Тоҷикистон амалишаванда, инчунин таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ бо ҷалби маблағҳои Фонди мазкур мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ масъалаи дар шаҳри Душанбе баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои идоракунанадагони Фонди иқлими сабз, инчунин ба имзо расонидани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди мазкур дар соли 2022 низ муҳокима гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо оид ба густариши ҳамкориҳои тарафҳо дар самти ҷалби маблағҳои грантии Фонди мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, ки дар стратегияҳои миллӣ дарҷ гардидаанд, ба мувофиқа расиданд.

http://www.tajnature.tj/

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед