Захираҳои обӣ ва пиряхҳо

0
216
боздид
Федченко -калонтарин пирях дар Тоҷикистон акс аз кайҳон.

Таъсири тағйирёбии иқлим

ба иқтисодиёт, захираҳои обӣ ва пиряхҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 ба Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим шомил шуд. Дар ин давра ҳамоҳангсози Конвенсия Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии обуҳавошиносӣ муайян шудааст. Дар ин давра аз тарафи Кумита ва Агентӣ се ахбороти миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим тайёр карда шуд. Ахборотҳои якум, дуюм ва сеюм дар сайтҳои Агентии обуҳавошиносӣ ва СММ (EPSS ва NFSS) ҷой дода шудааст. Ин ахборотҳо фарогири маълумотҳо аз вазорату идораҳои давлатӣ дар масъалаи тағйирёбии иқлим мебошанд. Иқлими Тоҷикистон хеле дигаргун ва гуногун аст. Дар ин ҷо ҳам ҳолатҳои антарктикӣ ва ҳам субтропикиро дучор шудан мумкин аст. Масалан, ҳарорати ҳаво дар Помир метавонад то 63 дараҷа хунук шавад. Чунин ҳарорат дар Булункӯл соли 1968 ба қайд гирифта шудааст. Дар Антрактида, ки қутби хунуктарини сайёра мебошад, ҳавои аз ҳама хунук 89,3 дараҷа хунук ба қайд гирифта шуда буд. Ин рақамҳо ба ҳам наздиканд. Дар қисмати ҷануби Тоҷикистон, масалан, дар мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” ҳарорати ҳаво то 48 дараҷа гарм мешавад. Боришот ҳам дар нуқтаҳои гуногуни кишвар аз ҳам фарқ мекунад. Масалан, дар Помири Ғарбӣ- Мурғоб боришот аз ҳама камтар аст. Дар маркази Тоҷикистон боришот хеле зиёд ба назар мерасад. Маълумотҳое, ки аз соли 1940 то соли 2010 мавриди таҳлил қарор додем, нишондодҳо далели он ҳастанд, ки раванди тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон хеле аён ба чашм мерасад. Гармшавии иқлим факти инкорнашаванда аст.Танҳо дар тӯли 10 соли охир (солҳои 1998-2008) дар тамоми минтақаҳои кишвар офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқуллода ба амал омаданд. Тағйирёбии иқлимро дар ҳама нуқтаҳои сайёра мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳангоми сафар ба Антарктида дар солҳои 2008-2009 хунукии ҳаво то ба 30-35 дараҷа поён фаромада буд, ки ин далел нишондиҳадандаи гармшавии иқлим маҳсуб меёбад. Агар 10 соли охирро ба соли 1990 муқоиса кунем, баландшавии ҳарорат аз меъёр зиёд ба мушоҳида мерасад. Раванди тағйирёбии иқлим нишон медиҳад, ки дар баландкӯҳҳо болоравии ҳарорат начандон зиёд, дар пастхамиҳо хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Вақте тағйирёбии иқлим мегӯем на танҳо гармшавии иқлим, инчунин хунукшавии иқлим ҳам дар назар дошта мешавад. Аз тарафи коршиносони худӣ ва байналмилалӣ се модел тарҳрезӣ карда шудааст. Тибқи ин моделҳо пешгӯиҳои тағйир ёфтани иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2030 ва то давраи 2100 пешниҳод карда шудааст. Аз ин се модел яке раванди камтар гармшавӣ, дигаре миёна ва сеюмӣ гармии аз ҳад зиёдро дарбар мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки обнокӣ дар солҳои 2030, 2040 ва 2050 зиёд мешавад ва пас аз он рӯ ба камшавӣ меорад. Таҳлилҳои бисёрсоларо дида бароем, обшавии барфҳои болои ях то нимаи якуми моҳи август бояд мерасид. Аз сабаби баланд шудани ҳарорат ин раванд тезонида шуда, барфҳои болои ях барвақттар коҳиш ёфтанд. Бинобар ин моро зарур аст, ки стратегияи соҳилмустаҳкам куниро тарҳрезӣ кунем.

Мо масъалаи тағйирёбии иқлимро дар нуқтаи гармтарини Тоҷикистон, дар мисоли ноҳияи Шаҳритус аз соли 1961 то соли 1989 мавриди таҳлил қарор додем, яъне миқдори рӯзҳое, ки ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа болоро маълум намудем, ки дар ҷадвали поён оварда шудааст Олимони Тоҷикистон дар масъалаи тағйирёбии иқлим дастовардҳои зиёд доранд, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гаштаанд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишваре мебошад, ки соли 2003 Нақшаи миллии худро таҳия намуд. Иҷроиши Нақшаи миллӣ аз ҷониби тамоми ҳам сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ қатъӣ аст. Дар ин ҳуҷҷат нишон дода шудааст, ки барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бояд чӣ гуна чораҳо андешида шаванд.

Тавре маълум аст, яке аз пиряхҳои бузургтарини кӯҳӣ – Федченко дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Аз таҳлилҳои мо бармеояд, ки гармии иқлим ба пиряхҳо хеле таъсир гузоштааст. Пиряхҳои хурд нисбатан осеб пазиранд . Ба ақидаи яхшиносон пиряхҳои калон устуворанд. Агар пиряхҳои бузург об шаванд , ин фоҷиаи бузург аст. Таҳлилҳои чандинсолаи олимон нишон медиҳад, ки пиряхҳои калон хеле ақиб рафтаанд. Дар соҳаи яхшиносӣ таҳти унвони аббелатсия истилоҳе мавҷуд аст, ки мазмунан вобастагии обшавии пиряхҳо аз муҳити атрофро ифода мекунад. Аббелатсия мешавад поёнӣ, мобайнӣ ва болоӣ. Аббелатсияи поёнӣ ва мобайнӣ устувории пиряхро нишон медиҳанд. Яке аз нишондодҳои асосии зиёдшавии аббелатсияи болоӣ пайдо шудани кӯлҳои болои яхӣ ва наздияхӣ мебошад, ки ба аҳолӣ ва хоҷагии халқ хатари ҷиддӣ дорад. Мутаассифона вақтҳои охир дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба пиряхҳо кам таваҷҷуҳ кардаанд. Ҳолатҳои фавқуллода ҷомеаи ҷаҳониро водор сохт, ки ба омӯзиши пиряхҳо рӯй биёранд. Соли 2008-2009 соли байналмилалии пиряхшиносӣ эълон карда шуд. Пешгӯӣ кардани ҳолати пиряхҳо зарур ва ҳатмӣ аст. Дар замони Шӯравӣ пешгӯии ҳолати пиряхҳо вуҷуд дошт. Чуноне, ки маълум аст, соли 2012 пиряхи Хирсон, ки 800 метр дарозӣ ва қариб 200 метр баландӣ дошт, канда шуда, поён фаромада, пеши дарёи Абдуқаҳҳорро гирифт ва дар натиҷаи обхезӣ ба хоҷагии халқ хисороти ҷиддӣ расонд. Ҳаракати ин пирях 2 июли ҳамон сол ба қайд гирифта шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар тӯли солҳои 1960 то 2000-ум обшавии пиряхҳо хеле зиёд ба мушоҳида расидаанд. Аз ин чунин натиҷагирӣ кардан мумкин аст, ки мо бояд дар асоси далелҳои илмӣ пеши роҳи харобкориҳои табиатро гирем. Инчунин мо таъсири тағйирёбии иқлимро ба ҷангалзорҳо низ муайян мекунем. Дар натиҷаи  тағйирёбии иқлим сол аз сол талафоти ҷонӣ зиёд шуда истодааст. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зист мо як ҷадвалеро тартиб додем, ки дар он таъсири омилҳои иқлимӣ ва обуҳавоӣ ба бахшҳои асосии иқтисодиёт нишон дода шудааст.

Абдулҳамид Қаюмов,
профессор, яхшинос

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед