Зебогиҳои табиати Чилучорчашма

0
1071
боздид
Оби Чилучорчашма дорои 16 намуди минералҳо буда, ба организми инсон фоидаовар ва шифобахш мебошад.

 

Зебогиҳои табиати Чилучорчашма

Чилучорчашма дар қисми ҷанубии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Носири Хисрав воқеъ буда аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар масофаи 200км, аз маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар дар масофаи 120км ва аз маркази ноҳияи Шаҳритус дар масофаи 7км дуртар ҷойгир мебошад.

Табиати ин мавзеъ ниҳоят гарм ва хушк мебошад. Ҳарорати ҳаво дар тобистон ба 47-48 дараҷа гарми мерасад.

Аз обҳои шафофи он одамон нӯшида дар оби он оббозӣ намуда истироҳат мекунанд.

Дар зери оби шафофи чашма алафҳои хеле зебо мерӯянд, ки ба ин мавзеъ ороишу зебогиҳои аҷиберо зам  мекунад. Моҳию морҳои чашмаро дар оби шафофи он бараъло намоён мебошад.

Яке аз хусусиятҳои муқадасоти чилучорчашма аз он иборат мебошад, ки аз аввали пайдоиш то ба имрӯз обу ҳаво ва табиаташ дигар нашуда рӯз аз рӯз мавзеъи он зеботару оботар гашта истодааст.

Муқадасоти дигари Чилучорчашма марқади Бобо Қамбар буда, дарозиаш 6-7 метр буда, бо санг пушида шудааст.

Вақте ба тамошои  зебогиҳои Чилучорчашма омадем, чашмамон ба ҷавоне афтод, ки тамошобинону истироҳаткунандагонро дар ҷойҳои зебоманзари чашмаҳо сурат мегирифт.

Маълумамон гашт, ки ӯ Акрам Азизов буда, зиёда аз 15 сол боз дар инҷо ба касби суратгирӣ машғул буда, суратҳои гирифтаашро дар 30 дақиқа тайёр намуда, ба соҳибонашон мерасонидааст. Ғайр аз ин дар гирду атрофи чашмаҳо ошпазхонаҳою мағозаҳо, бозорча ва барои намозгузорон масчид мавҷуд мебошад, ки барои тамошобинону истироҳаткунандагон хизмат мерасонанд.

Дар назди масчид бо бобои Ҳоҷи Ҳақбердӣ вохурдем, ки ӯ зиёда аз 54 соли умри худро барои ободонии Чилучорчашма сарф намудааст.

Мо аз ӯ  дар бораи таърихи пайдоиши Чилучорчашма пурсон шудем:

Ӯ ба мо хонаи Ҳоҷи Исмоил Асомуддиновро, ки дар наздикии Чилучорчашма воқеъ буд, нишон дода, гуфт ки дар бораи пайдоиши таърихи Чилучорчашма бисёртар маълумот дорад:

Роҳи хонаи Ҳоҷи Исмоилро пеш гирифтем. Хушбахтона ӯро дар хонааш дарёфтем.

Аз ҳикояти Ҳоҷи Исмоил дар бораи таърих ва пайдоиши Чилучорчашма:

Аввалин шахсе, ки дар бораи Чилучорчашма маълумот  медиҳад, Абдулқосими Балхист.

Тарғибгари ислом асппарвари ҳазрати Алӣ, Бобоқамбар сабаби машҳур шудани Чилучорчашма гардид. Бобоқамбар дар ҳузури сарварони ислом эътибори баланд дошт, зеро ҳамроҳи Расули Акрам (с)

Исломро тарғиб мекард. Ҳарати Умар бо ҳазрати Алӣ нома мевиристад, ки пайёми исломро ба Мовароуннаҳр бирасонад. Ҳангоме, ки ҳазрати Алӣ дар Бадахшон ҷиҳод мекард, Бобоқамбар захмин мешавад.

Вақте ки ҳазрати Алӣ аз муҳорибаҳо монда шуда, хоб мемравад, аз зери наъли асп Чилучорчашма мерӯяд. Дар чил чашма чилтанҳои ҳазрати Алӣ ва дар чор чашма чорёрон. Бедор мешавад, ки ин ҳама хоб аст. Таъбиргаронро даъват мекунанд. Онҳо дар давоми ду рӯз ягон хулоса намедиҳанд. Рӯзи севум хабар мерасад, ки Бобоқамбар аз Дорулфанно ба Дорулбақо риҳлат кардаанд.

Таъбиргарон акнун ба ҳазрати Алӣ таъбири хоби ӯро дар обҳои шафоф, моҳию морҳои зиёд ва чароғи фурузон дида, хулоса карданд, ки чароғи дини ислом Бобоқамбар аст ва ҳар куҷо, ки Чилучорчашма  дарёфт кунанд, онҷо ҷасади Бобоқмбарро дафъ менамоянд. Дар ҳол чор гуруҳ ба чор тарафи дунё фиристода мешавад. Гуруҳи аввал ба Бадахшон 28 чашма, гуруҳи дуюм дар кӯҳҳои Имом Маҳдии Эрон 16 чашма, гуруҳи сеюм дар Доғистон чор чашма дарёфт мекунанд.

Гӯруҳи бо сардории Қутайба ибни Муслим дарёи Омуро убур карда, гузашта, дар Мавороуннаҳр чилучор чашма дарёфт мекунанд. Мувофиқи фармони ҳазрати Алӣ Бобоқамбаррро дар баландии Чилучорчашма да фн мекунанд. Суроғааш вилоияти Қубодиёни Бухорои шарқӣ.

Бегоҳии ҷумъаи ҳамон ҳафта ҳазрати Алӣ бо аҳли карам омада, қабри Боборо зиёрат менамоянд. Аз он руз ин ҷониб мавзеи Чилучорчашма қадамгоҳи ҳазрати Алӣ, ҷои зиёратгоҳи одамон гаштааст.

Чилучорчашма ба 17 гурӯҳ тақсим мешавад.

Гурӯҳи аввал: мӯйин-сечашма. Одамон назр карда, муйи сари фарзандони худро дар инҷо мегиранд. Дар лаби ин чашма дарахти маҷнунбед 1048 сол умр дорад ва  куҳнатарин дарахти дунё ба ҳисоб меравад. Соли 1980 ин дарахт дар сини 1016 солагиаш ба китоби Гиннес дохил шудааст. Шахсан худам дар китоби Донишгоҳи Горварди         Ню-йорк дидам, мегуяд бобои Ҳоҷи Исмоил.

Гурӯҳи дуюм: ду чашма, чашмаи Хуни бинӣ.

Гурӯхӣ сеюм: чор чашма, барои табобати хунукзадаю шамолхурдаҳо истифода мешаванд.

Гурӯҳи чорум: ду чашма барои устухондард.

Гурӯҳи панҷум: чор чашмаро табларза мегуянд.

Гурӯҳи шашум: Калонтарин чашмааст, ки аз он чор чашма ташкил шуда, хурокро зуд ҳазм менамояд. Ин чашмаҳо хосияти шифобахшии зиёд доранд. Занон барои нест кардани ожанг ва равшан кардани чашм аз он истифода мебаранд.

Гурӯҳи ҳафтум: ду чашма ба рутубат ва сардардӣ даво мебахшанд. Шахсони фишорбаланд аз он истифода мебаранд.

Гурӯҳи ҳаштум: барои бемории спариазм (пустсафед), ветелига(пес) манфиатбахш аст. Ин оби муқарарӣ не, балкӣ ғайритабиӣ буда аз 11 то 29 уми январ гарм мешавад. Чашма 29 уми январ якбора хушк шуда,      8-9 уми май боз ба гардиш медарояд.

Гурӯҳи нуҳум: чор чашма Мурод ном дорад. Мардуми ихлосманд аз қадиммулайём ба ният аз чашмаҳо санг мегиранд. Баъди ба мурод расидан сангҳоро оварда дар ҷояш мегузоранд.

Гурӯҳи даҳум: чор чашма чашмаи бефарзандон. Мардум аз Эрону Қазоқистон, Руссия ба умед омада, аз сангҳо гирифта бурда, баъди ба ният расидан оварда дар ҷояш мегузоранд. Шумораи онҳо аз соли 1998 то инҷониб ба 397 расидааст, ки баъзеашон баъди 19 соли зиндагӣ фарзанд таввалуд кардаанд.

Гурӯҳи ёздаҳум: чашмаи Нилуфар, обаш камтар талхмаза буда, барои аз талхаву ҷигар резонидани санг мадад мерасонад.

Гурӯҳи дувоздаҳум: муфидтарин чашма барои даъво бахшидан ба касалиҳои рӯхист.

Гурӯҳи сенздаҳум: чашмаи Ихлос аст. Обаш фаровон буда аз чор чашма ба касалиҳои гушдарду гулудард фоида дорад.

Гурӯҳи чордаҳум чор чашмаи дигар чашмаи Чиллагии кудакон аст.

Гурӯҳи понздаҳ ду чашма чашмаи хориш аст, ки ёднокиашон хеле зиёд буда, онро барои касалии ҷоғар истифода мебаранд умуман дар таркиби обҳои чилучорчашма нӯҳ намуди маъданҳои кимиёвӣ мавҷуд аст.

Панҷ сол олимонӣ физикиву кимиёвӣ ва биологии мамлакат тадқиқот гузаронида обу моҳи ва мурғҳоро санҷида, сертификат доданд.

Хӯрдани моҳиҳои чилучорчашма манъ аст, зеро дар об нуқра мавҷуд аст, моҳиҳои нуқраро ёфта мехуранд ва шахси моҳи хурда аз он зарар мебинад.

Нуқраро дар суръати 130 дараҷа гарм кардан заҳрнок мешавад мардуми ноҳияи Носири Хусрав, умуман зиёраткунандагон моҳиҳои ин чашмаро намехуранд.

Дар чилучорчашма тахминан 114 ҷуфт моҳии калон аст, ки онҳоро фақат моҳҳои октябр ноябр дидан мумкин аст.

Зеро онҳо худро ба миқдори зиёди мардум нишон додан намехоҳанд.

Дарозии онҳо то як метр вазнашон 16 – 18 кг мебошанд

Морҳо 60 – 70 см мешаванд. Соли 2007 ҳангоми дар атроф гузаронидани таркиш як мори дарозиаш 2 м 72 см вазнаш 30 кг баромад.

Аҷоибу ҳайратовар ин аст, ки 11 нафар онро сурат гирифтанд ва фақат дар яке аз аксҳо қисми сари мор омадаасту халос.

Оби чилучорчашма ҳамаги 22 км меравад. Мардум қисми ками онро барои хӯрдан, асосан барои хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд. Обҳо дар ҷуйҳои худ шино карда нопадид мегарданд ба ягон кулу заҳбур ҳамроҳ намешаванд. Ба тахминии олимон ин обҳо чарх задаю гардиш намуда, аз чуқурии 3400 м мебарояд. Ба ҳарҳол ба андешаам инҷониб  чилучорчашма тадқиқоти ҷадидро тақозо мекунад.

Қурбоназар Мирзоев сармутахассиси экспертизаи давлатии экологӣ.

Ҷаҳонгири Муъмин мутахассиси экспертизаи давлатии экологӣ.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед