12 май – Рӯзи маърифати экологӣ

0
788
боздид

12 май дар собиқ кишварҳои ИҶШС аз соли 1991 ҳамчун Рӯзи  маърифати экологӣ ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн – нишон додани муҳимиятии  донишҳои экологӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин рӯз дар шаҳрҳову шаҳракҳо аксияҳои гуногуни экологӣ баргузор мегарданд, ки дорои ҳам хусусияти маърифатӣ ва ҳам амалӣ ҳастанд:  аз ҷумла, намоишгоҳу конфронсҳо ва озмунҳои эҷодӣ байни кӯдакон дар мавзӯи ҳифзи табиат ташкил карда мешавад, мардум дар чорабиниҳои муҳитҳифзӣ –тозагии соҳили дарёҳо, ҷамъоварии партовҳо дар боғҳо, кабудизоркунии ҳудудҳо иштирок менамоянд. Ин ид ба ҳамаи онҳое, ки дар пешбурди ғояҳои ҳифзи табиат иштирок менамоянд, мансуб аст. Аҳамияти маърифати экологиро баҳогузорӣ намудан мушкилтар аст. Маҳз донишҳои экологӣ ба инсон имкон медиҳанд, ки одатҳои бад ва хунукназарӣ нисбат ба табиат ба чӣ гуна зуҳуроти садамавӣ меоварад. Ҳадафи ниҳоии маърифати экологӣ – ташаккул додани фарҳанги экологӣ мебошад.

Бори аввал олимони ҷаҳон собит намуданд, ки рушду инкишофи илмӣ-техникӣ боиси пайдоиши мушкилоти экологӣ мегардад. Ва соли 1972 намояндагони як қатор кишварҳо  дар Конфронси СММ оид ба муҳити зист дар Стокголм  дар ин хусус масъалагузорӣ намуданд. . Баъд аз  гузаштани 20 сол, моҳи июни соли 1992 дар конфронси  Рио-де-Жанейро мавзӯи зарурати таблиғоти донишҳои экологӣ мавриди таваҷҷуҳ  қарор гирифт.   

«Инсон ва табиат»

Шарҳи худро гузоред

Лутфан, шаҳри худро нависед
Лутфан, номи худро ин ҷо нависед