22 апрел — Рўзи Замин
22-юми апрел ҳамасола дар ҷаҳон ҳамчун Рўзи Замин ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон ҷашни “Оби тоза” ва “Ҳавои тоза” низ номида мешавад. Оё медонед, ки таърихи пайдоиши ҷашни мазкур аз куҷо сарчашма мегирад ва ба номи кӣ алоқамандӣ дорад?
Рўзноманигори амрикоӣ Ҷон Мортон охири асри 19 ҳангоми дидан намудан аз штати Небраска, шоҳиди аз тарафи шаҳрвандон бераҳмона буридани дарахтон мегардад, ки барои сохтмони манзили истиқоматӣ истифода мебурданд. Аз ин манзараи ҳузнангез ҳисси табиатдўстдории Ҷон Мортон боло гирифта, пешниҳод менамояд, ки рўзи махсусе бо номи “Рўзи дарахт” таъсис дода шавад ва он нафароне, ки аз ҳама зиёд ниҳол мешинонанд бо туҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шаванд. Пешниҳоди воқеан инсондўстона аз тарафи шаҳрвандони штати Небраска бо хушнудӣ пазируфта шуда, дар рўзи аввали баргузории аксия наздики 1000000 ниҳол шинонида мешавад. Иқдоми наҷибона ва табиатдўстдории рўзноманигор ва шавқмандии шаҳрвандонро ба инобат гирифта, роҳбарияти штати Небраска соли 1882 аксияи мазкурро ҳамчун ҷашни расмӣ эълон намуданд. Соли 1970 дар ҷашнгирии “Рўзи дарахт” зиёда аз 20 миллион нафар аз ҳар гўшаи олам иштирок намуданд ва ҷашн тағйири ном намуда, ҳамчун “Рўзи замин” эълон гардид. Баъдан соли 1990 “Рўзи Замин” ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардида, дар он ҳудуди 200 миллион шаҳрвандони 141 мамлакати рўи Замин иштирок варзиданд. Интихоби санаи баргузории ҷашн ба рўзи таваллуди рўзноманигори амрикоӣ, ташаббускори ҷашни “Рўзи дарахт” Ҷон Стерлинг Мортон ба 22-юми апрел мувофиқ меояд.
Бешак Замин боигарии асосии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб рафта, объекти ҳастии тамоми мавҷудоти зиндаи рўи Замин ва макони зисти онҳо ба ҳисоб меравад. Замин воситаи асосии таъмини инсон бо маводи хўрока мебошад ва ҳифзи он вазифаи ҷонии ҳар як инсони бо нангу номус мебошад. Мо вазифадорем, ки Заминро аз ҳар гуна ифлосиҳо, партовҳои маишӣ ва саноатӣ, партовҳои радиоактивӣ ва тамоми он унсурҳое, ки ба замин таъсири манфӣ мерасонанд, ҳифз намоем. Ғамхорӣ ба замин — ғамхорӣ ба ояндаи худ, оилаи худ ва давлати худ мебошад.